Аз “Саразм” то “Роғун”. Бонки миллӣ тангаҳои ҷашниро ба фурӯш баровард

Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба роҳ мондааст. Тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашни солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳими таърихӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд.

Аз ҷумла, тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин сикка зада шудаанд:

1. “600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ” — шоири бузург ва мутафаккири форсу тоҷик.

2. “700-солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ” — донишманд, файласуф ва шоири форсу тоҷик, шахсияти таърихӣ.

3. “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” — яке аз санаҳои таърихии давлат, ки нишонаи таҳкими ҳуқуқу озодиҳо ва волоияти қонун дар кишвар мебошад.

4. “90-солагии шаҳри Душанбе” — пойтахт ва маркази фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон (дар се шакл) бо тасвирҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. “5500-солагии Саразм” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Зарафшон ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.

6. “3000-солагии Ҳисор” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Ҳисор ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.

7. “Бозиҳои Олимпӣ” — чун нишонаи муваффақият ва эътирофи маҳорати варзишии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон (дар се шакл) “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Слалом” ва “Биатлон”.

8. “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” — санаи ҷашни таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. “10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё” — санаи таърихии паймони равобити иқтисодии кишварҳои минтақа.

10. “Бахшида ба оғози кори НБО-и Роғун” — рӯйдоди барои халқи тоҷик ниҳоят муҳим ва таърихӣ.

Аз куҷо метавон дастрас кард?

Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он дар минтақаҳо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *