Аз сарфакорӣ то гуманизми олмонӣ
Тaҳсил дар Аврупо орзуи деринаи ман буд. Хушбахтона, моҳи марти соли равон Стипендияи байналмилалии Фонди Конрад Аденауэр — “European and international Cooperation of the Konrad Adeanauer Foundation scholarship” барои баланд бардоштани тахассуси журналистӣ ба даст овардам ва давоми 2 моҳ дар кишвари Олмон таҷриба андӯхтам…
Оламе дар Олмон
Банда давоми 2 моҳ дар ширкати Online Video-Company, ки зери роҳбарии мутахассиси журналистикаи чандрасонаӣ Рене Фолкнер фаъолият дорад, таҷриба омӯхтам ва бо муосиртарин дастовардҳои журналистикаи чандрасонаии Олмон шинос шудам. Ҳамчунин, зимни ширкат дар чорабиниҳо кори амалии журналистони олмониро дидам. Бинобар ин, аз Фонди байналмилалии Конрад Аденауэр сипосгузорам, ки барои ман чунин имконро фароҳам оварданд. Зеро дар ин таҷрибаомӯзӣ зиёд чизҳоро омӯхтам, ки дар фаъолияти журналистиам бароям зарур ҳастанд.
Макони таҷрибаомӯзии ман шаҳри Лейпсиг буд, вале дар давоми омӯзиш аз шаҳрҳои Берлин, Дюсселдорф, Франкфурт, Сейфен, Потсдам ва ғайра низ дидан намудам. Ҳамчунин, зимни ин сафар дӯстони хубе ба монандаи Майк, Тим, Менди, Штефани пайдо кардам ва бо онҳо хотироти зиёде дорам.
Устоди ман дар давоми таҷрибаомӯзӣ Рене Фолкнер таъин шуда буд. Ӯ дар баробари омӯхтани дарсҳои тахассусӣ ҳамчунин, дар бораи фарҳанги мардуми Олмон бароям маълумотҳои ҷолиб медод…
Олмониҳо меҳрубонанд
Субҳ ба яке аз хиёбонҳои Лейпсиг баромадаму дар ҳайрат мондам. Аксарият бо дучарха ба кор мерафтанд. Ҳатто хонандагони мактаб. Олмониҳо ба хотири он ки кӯдакони худро ба дучархасаворӣ одат кунонанд, онҳоро низ савори дучархаҳои хурд карда, ба боғча мебурданд.
Инак, рӯзи аввали таҷрибаомӯзии ман дар ширкати “Onlane Video Company” оғоз шуд. Ширкат дар як маҷмааи бузурги замонавӣ воқеъ аст. Рене Фолкнер маро бо ҳамкорон шинос кард. Чун аксарият ҳамсинну соли худам буданд, дар дилам хушҳолӣ пайдо шуд, зеро одам бо нафари ҳамсоли худаш зуд забон меёбад. Воқеан, чунин ҳам шуд. Мо зуд дӯст шудем. Ҳамеша якҷо будем, ҳамроҳ ба сабт мерафтем, якҷо сайругашт мекардем, хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем…
Тим ва Менди дар танаффуси хӯроки нисфирӯзӣ бароям дар бораи фарҳанги мардуми Олмон нақлҳои ҷолиб мекарданд, ман бошам, дар бораи Тоҷикистон ва мардумаш. Баъзан онҳо бо завқ хандида, мегуфтанд, ки “аз гуфтаҳои ту Тоҷикистонро дӯст доштем”.
Мардуми Олмон меҳрубонанд. Аксар ғайр аз забони модариашон боз англисӣ балад ҳастанд. Ин ба ман имкон медод, ки душворӣ накашам. Агар чизеро пурсед, олмониҳо бо меҳрубонӣ посух медиҳанд ва роҳнамоӣ мекунанд.
Давоми ду моҳ ман дар хонаи Рене Фолкнер зиндагӣ кардам. Ӯ бо ҳамсараш Штефани хеле меҳрубон буданд. Штефани бароям мегуфт: “То мутобиқ шудан, азоб мекашӣ, вале баъдан Лейпсигро дӯст хоҳӣ дошт”. Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд…
Самимият, меҳрубонӣ ва муносибати олмониҳо воқеан касро ба ҳайрат меорад.
Вақт рафт, нақд рафт
Дар Олмон низоми нақлиёти ҷамъиятӣ хеле муназзам аст. Дар ҳамаи истгоҳҳо таблоҳои электронӣ насб шуда, соату дақиқаи омадани нақлиётро хабар медиҳанд. Олмониҳо ба барномаи ин таблоҳо онлайн пайвастанд ва қабл аз он ки аз хона бароянд, тариқи телефон мебинанд, ки нақлиёт соати чанд меояд, то беҳуда вақташон дар истгоҳ сарф нашавад.
Умуман олмониҳо ба қадри вақт мерасанд. Онҳо ҳатто як дақиқаи умрашонро беҳуда намегузаронанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё китоб мутолиа мекунанд ё газета ва ё барномаи дилхоҳашонро аз телефон тамошо мекунанд. Рене Фолкнер ба ман таъкид мекард, ки дар нақлиёт ҳатман подкаст гӯш кунам, то ки вақтам беҳуда сарф нашавад.
Тавре гуфтам, бо вуҷуди пешрафта будани низоми нақлиёт олмониҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки паёдагардӣ кунанд ва ё дучархасаворӣ. Вале агар роҳ дур бошад, аз нақлиёти ҷамъиятӣ ё мошини шахсӣ истифода мекунанд.
Рене Фолкнер аз рӯзи аввал ба ман таъкид кард, ки дучархасаворӣ омӯзам, вале ман ҷуръат накардам…
Таҷрибае, ки Тоҷикистон бояд омӯзад…
Устоди ман Рене Фолкнер хеле сарватманд, вале дар баробари ин, бисёр сарфакор аст. Аз рӯзҳои аввал ба ман пайваста таъкид мекард, ки барқро беҳуда истифода накунам. Ҳамчунин, ӯ дар хонааш батареяҳои офтобӣ дорад, ки аз онҳо барқ мегирад. Чун ӯ борҳо ба Тоҷикистон омадааст, ба ман мегуфт: “Тоҷикистон кишвари офтобист. Чаро мардуми шумо аз ин гуна лампаҳои офтобӣ истифода намебаранд? Ин сарфаи хуб барои оила аст”. Воқеан, дар Олмон қариб ҳама (махсусан онҳое, ки хонаҳои заминӣ доранд) батареяи офтобӣ истифода мекунанд… Ин таҷҳизоти мураккаб нест. Ду-се панели офтобӣ асту як аккумулятор. Панел аз офтоб нерӯ мегирад, аккумулятор барқ истеҳсол мекунад ва хонаи шумо чароғон аст, вале ба касе маблағ намедиҳед… Мардуми мо бояд инро чуқур биандешанд.
“Konsum”
Як рӯзи офтобӣ мо бо кормандон барои сарфи хӯроки нисфирӯзӣ рафтем. Ман чун ҳарвақта об нӯшидаму зарфи холиро ба қуттии партов андохтам. Ҳамин замон Рене Фолкнер аз партовгоҳ зарфро гирифту гуфт:
— Чаро ин пулро ба партовгоҳ партофтӣ?
Ман ҳайрон шудам. Рене ҳайрати маро дарк карду ба ман дар бораи “Konsum” гуфт. “Konsum” дастгоҳест, ки зарфи холии пластикиро ба он мегузоред ва бар ивази он ба шумо 25 сент, яъне 3 сомонӣ маблағ медиҳад, ки бо он мешавад ягон чизи бомазза хариду хӯрд.
Ҳамин тавр, ман ҳар рӯз ҳамроҳи Манду, Майк ва Тим ин амалро анҷом медодем ва бар ивазаш хӯрокӣ нисфирӯзӣ мегирифтем.
Рӯзе аз Рене Фолкнер пурсидам, ки шумо ин қадар одами сарватманд, чаро ҳамроҳи мо зарфро ба “Konsum” месупоред? Ӯ хандиду гуфт:
— Ин кор барои ман ягон мушкилӣ надорад. Илова бар ин, мо намехоҳем, ки пластикаҳо дар партовгоҳ бошанд…
Дар “Konsum”-ҳо на танҳо зарфи пластикӣ, балки шишагӣ ҳам қабул карда мешавад. Арзиши як зарфи шишагӣ 7 сент аст. Чун олмониҳо зиёд оби ҷав менӯшанд, зарфҳоро ҷамъоварӣ карда, ҳафтае як бор месупоранд, то ки маблағи бештар ба даст оранд…
Донишгоҳи шаҳри Лейпсиг
Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба ман муяссар гашт, ки аз донишгоҳи калонтарини шаҳри Лейпсиг — Leipzig university дидан намоям. Маро долонҳои ин донишгоҳ ба ҳайрат овард. Дар ҳама ҷо мизу курсиҳо гузошта шудаву ҳама машғули мутолиа буданд. Шояд ба имтиҳон омодагӣ медиданд.
Донишгоҳи Лейпсиг яке аз қадимтарин донишгоҳҳои Олмон аст. Он 2-юми декабри соли 1409 таъсис ёфтааст. Тӯли садсолаҳо бисёр шахсиятҳои бузурги оламшул дар ин донишгоҳ таҳсил кардаанд. Донишгоҳ доираи васеи фанҳои таълимӣ, аз ҷумла илмҳои табиӣ, гуманитарӣ, илмҳои иҷтимоӣ ва тибро фаро гирифтааст. Он аз якчанд факултаҳо, кафедраҳо ва институтҳо иборат аст. Факултетҳои тиб, ҳуқуқ, санъат ва фалсафаи ин донишгоҳ довталабони зиёд доранд. Донишгоҳ ҳамчунин бо лоиҳаҳои бузурги илмӣ-тадқиқотӣ дар олам машҳур аст.
Ҷанги миллатҳо ба муқобили Наполеон
“Вёлкершлахтденкмал” — “Völkerschlachtdenkmal” муҷассамаест дар маркази шаҳри Лейпсиг. Ҷанги соли 1813, ки бо номи Ҷанги миллатҳо маъруф аст, сабаби бунёди ин муҷассама шудааст. Ин як муноқишаи муҳим дар давраи ҷангҳои Наполеон буд. Дар ин ҷанг якчанд миллатҳои аврупоӣ муттаҳид шуда, бар зидди қувваҳои Наполеон Бонапарт мубориза бурданд ва пирӯзӣ ба даст оварданд.
Рене Фолкнер дар бораи ин муҷассама маълумотҳои ҷолибе мегуфт.
Худи муҷассама як сохтори аҷибест, ки дар баландии тақрибан 91 метр (298 фут) истода, яке аз бузургтарин ёдгориҳои Аврупо ба ҳисоб меравад. Он аз ҷониби меъмор Бруно Шмитз тарҳрезӣ шуда, сохтмони он соли 1913, як аср пас аз ҷанг ба итмом расид. Дар толори марказӣ муҷассамаи азим гузошта шудааст, ки дар он симои Олмон, рамзи миллат аст. Меҳмонони Вёлкершлахтденкмал метавонанд ба болои ёдгорӣ баромада, дар он ҷо манзараи панорамии Лейпсиг ва гирду атрофи онро тамошо кунанд. Дар ин муҷассама инчунин намоишгоҳ мавҷуд аст, ки бозгӯкунандаи таърихи ҷанги Лейпсиг аст. Völkerschlachtdenkmal макони тамошобоб буда, ҳамасола ҳазорон сайёҳ аз он дидан мекунанд.
(Гузориши видеои муаллифи ин сатрҳоро дар бораи ин муҷассама дар ютюбканали pressa.tj тамошо кунед).
Боғи ҳайвоноти нодир
Боғи ҳайвоноти Лейпсиг яке аз маконҳои маъруфтарини Олмон мебошад. Он таърихи тӯлонӣ дорад. Соли 1878 дарҳои боғ ба рӯйи тамошобинон боз шудааст ва калонтарин боғи ҳайвонот дар Аврупо мебошад. Дар ин боғ 850 намуд ҳайвонот мавҷуд аст. Сайёҳони хориҷӣ вақте ба Лепсиг меоянд, ҳатман аз ин боғ дидан мекунанд.
Ceйфан
Тамошои Зайфен (Сейфан) яке аз лаҳзаҳои рангини сафари ман дар Олмон буд. Ин шаҳраки хурде аст, ки дар куҳҳои Оре (Эрзгебирге) дар иёлати Саксония қарор дорад. Он бо анъанаи тӯлонии кандакории чӯб ва истеҳсоли бозичаҳои чӯбӣ, бахусус ороишҳои Мавлуди Исо машҳур аст. Шаҳр то асри 16 маркази коркарди чӯб буд. Оҳиста-оҳиста ҳунармандони чиррадасти зайфенӣ аз ашёҳои чӯбӣ бозича, муҷассама ва оришот барои калисо месохтагӣ шуданд. Ҳамин тавр, ин ҳунари онҳо дар саросари Аврупо маъруф шуд.
Ин ашёҳо аксар вақт дастӣ кандакорӣ ва рангубор карда мешаванд, ки маҳорати хос металабад. Дар ин шаҳрак ҳамчунин осорхонаҳое мавҷуданд, ки ба таърихи бозичаҳои чӯбӣ бахшида шудаанд.
Дар маҷмуъ, Зайфен як шаҳраки дилрабоест, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ мебошад. Он ҳамчунин манзараи беназир дорад.
(Навори сафари моро ба Зайфен дар ютюбканали pressa.tj тамошо кунед).
Дар Бундестаг
Як рӯз пеш аз анҷоми таҷрибаомӯзӣ маро намояндаи фонди Конрад Аденауэр Амос Ҳомс ба Берлин даъват кард. Онҳо ҳамроҳи Рене Фолкнер ва Штефани маро ба ҷойҳои сайёҳӣ ва тамошобоби Берлин бурданд. Аз ҷумла, имкон ёфтам, ки аз Бундестаг дидан намоям.
Бундестаг — палатаи поёнии парлумони федералии Олмон аст. Он яке аз муҳимтарин ниҳодҳои сиёсии кишвар буда, дар раванди қонунгузорӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бундестаг дар бинои Рейхстаг ҷойгир аст, ки яке аз ёдгориҳои беназири таърихии Берлин аст. Ин бино бо шиша сохта шудааст.
Меҳмонон метавонанд ба бинои Бундестаг ворид шаванд ва аз гумбази бино манзараи панорамии Берлинро тамошо кунанд. Барои ворид шудан ба гумбаз, пешакӣ сабти ном шудан лозим аст. Дар ин бино инчунин намоишгоҳе мавҷуд аст, ки дар бораи таърихи парлумони Олмон маълумот медиҳад.
Рейн — ҳусни Дюсселдорф
Соҳили дарёи Рейн дар Дюсселдорф як минтақаи маъмул барои истироҳат ва фароғат аст. Майдони сайёҳӣ, ки бо номи Rheinuferpromenade маъруф аст, муҳити зебоеро барои пиёдагардӣ, велосипедронӣ ва лаззат бурдан аз манзараҳои дарё пешкаш мекунад. Бисёр одамон дар ин ҷо ҷамъ меоянд, то истироҳат кунанд.
Дар Rheinuferpromenade инчунин дар давоми сол чорабиниҳо ва фестивалҳои гуногун баргузор мешаванд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим Рӯзи Ҷопон дар Дюсселдорф мебошад, ки ҳамасола баргузор мешавад. Рӯзе, ки банда ба он ҷо рафтам, маҳз ин чорабинӣ баргузор мешуд. Ошноӣ бо фарҳанг, санъат ва таомҳои ҷопонӣ бароям бисёр ҷолиб буд.
Илова бар ин, дар дарёи Рейн масири нақлиёти обӣ фаъол аст. Қад-қади дарё қаиқҳои мусофирбар ва паромҳо ҳаракат мекунанд, ки ба сайёҳон ва сокинони шаҳр хизмат мерасонанд. Дар соҳили дарё барҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои беҳтарини шаҳр дар хизмати мизоҷонанд.
Дар маҷмуъ, дарёи Рейн ва соҳили он дар Дюсселдорф беҳтарин макон барои тамошову сайругашт аст.
Меҳмоннавозии олмонӣ
Тайи ду моҳе, ки дар Олмон будам, ҳамроҳи Рене Фолкнер ва ҳамсараш Штефани зиёд ба меҳмонӣ рафтем. Дарк кардам, ки мардуми ин кишвар хеле меҳмоннавозанду меҳрубон. Фақат онҳо дақиқкоранд. Қабл аз ба меҳмонӣ рафтан Рене Фолкнер ҳатман соҳибхонаро огоҳ мекард, ки ҳамроҳам меҳмон дорам ва албатта, таъкид мекард: “Меҳмони ман таҷрибаомӯз аз кишвари Тоҷикистон аст. Ӯ мусалмон аст ва аз гӯшти хук таом намехӯрад. Хоҳиш мекунам, ки барои ӯ аз мурғ, тухм ва картошка хӯрок омода кунед”.
Ростӣ, аз ин ғамхории Рене Фолкнер хеле шод мешудам. Вай метавонист, ки ин коро накунад, вале чун ба эътиқоди ман ва ба суннатҳои зиндагии мо эҳтиром мегузошт, ҳатман ин корро мекард. Дар хонааш низ ҳамеша кӯшиш мекард, ки хӯроки ман аз гӯшти хук ва машрубот дур бошад. Ин аст гуманизми мардуми Олмон.
Ҳангоми анҷоми таҷрибаомӯзӣ мо ба хонаи модари Рене Фолкнер рафтем. Ӯ маро бо гӯшти мурғ ва ҳар гуна хӯришҳо аз сабзавоти тару тоза меҳмондорӣ кард ва ҳангоми хайрухуш сахт ба оғӯш гирифту бо табассум гуфт: “Мо туро боз дар Олмон интизорем, вале ин дафъа на барои 2 моҳ, балки зиёдтар”.
Ба худ гуфтам, ки кош боз чунин имкон мешуд…
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ