Аз сарнавишти инсон то сарнавишти “Помир”

Мусоҳиба бо яке аз бунёдгузорони физикаи ядроӣ ва зарраҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон Ином Бобоҷонов

23-юми феврал яке аз бунёдгузорони илми физикаи ядроӣ дар Тоҷикистон, асосгузори самти физикаи нурҳои кайҳонӣ дар кишвар Ином Бобоҷонов 90-сола шуд. Муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир ба табрики ин олими тавоно рафт ва суҳбате орост, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

Давлати пирӣ

— Ином Бобоҷонович, мавлуди фархундаи 90солагиро ба шумо табрик мегӯям.

— Ташаккур.

— Имрӯзҳо чӣ ҳолу ҳаво доред?

— Шукр, ҳолам хуб аст. Бознишастаам ва ба қавле давлати пирӣ меронам.

— Магар дар Институти физика кор намекунед?

— Не, соли 2018 маро ҷавоб доданд.

— Сабаб?

— Гуфтанд, ки пир шудаӣ. Ман ҳам дигар даъво накардам…

7 соли Султон Умаров

— Шумо яке аз нафароне ҳастед, ки дар саргаҳи илми физикаи тоҷик қарор доред. Аз аввалин кормандони шуъба ва баъдан Институти физика ва техникаи Академияи улуми Тоҷикистон ҳастед. Мехоҳам суҳбатамонро аз шаклгирии илми физика дар Тоҷикистон оғоз кунем.

— Бале, банда соли 1958 факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардам. Мавзӯи рисолаи дипломиам доир ба физикаи оптикӣ буд. Чун дар Тоҷикистон ҳунӯз шароит набуд, соли 1957 барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Донишгоҳи Ленинград рафтам ва таҳқиқотамро ба сомон расонида, рисолаи дипломӣ навиштам. Баъди хатм маро дар донишгоҳ ба кор гирифтанд. Ҳамон замон мудири кафедраи физикаи таҷрибавӣ профессор Баҳрулло Нарзуллоев буданд. Гап-гап буд, ки дар донишгоҳ кафедраи физикаи ядроӣ ташкил мешавад. Бинобар ин, маро барои таҷрибаомӯзӣ ба кафедраи физикаи ядроии шаҳри Алма-Ато фиристоданд. Вақте баргаштам, маро соли 1959 ба шуъбаи физика ва математикаи назди Президиуми Академияи фанҳои Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Султон Умаров ташкил шуда буд, ба кор даъват карданд.

— Тавре медонем, академик Султон Умаров яке аз нафароне ҳастанд, ки барои илми тоҷик хизматҳои мондагор кардаанд. Аз эшон чӣ хотира доред?

— Академияи илмҳои Тоҷикистон соли 1951 дар заминаи филиали Академияи фанҳои ИҶШС таъсис ёфт. Нахустин президенти он устод Садриддин Айнӣ буданд. Эшон дар ин вазифа то дами марг, яъне қариб 4 сол кор карданд ва барои шаклгирии сохтори академия корҳои муҳимро анҷом доданд. Устод Айнӣ бештар барои равнақи илмҳои гуманитарӣ кор карданд, зеро мо дар ин самт замина ва зарфият доштем. Вале дар соҳаи илмҳои дақиқ кадр набуд, ё ангуштшумор буд. Пас аз марги устод Айнӣ, Турсун Ӯлҷабоев, ки роҳбари ҷумҳурӣ буданд, мегӯянд, ки бояд намояндаи илмҳои дақиқ Президенти академияи илмҳо шавад, то ин самт низ рушд намояд. Ҳамин тавр, Султон Умаровичро, ки тоҷики хуҷандӣ буданд, аз Тошканд даъват мекунанд. Эшон дар Ӯзбекистон шахсияти таъсиргузор буданд. Дар вазифаҳои ректори Донишкадаи омӯзгории Тошканд, ректори САГУ — Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, директори Институти физика ва техникаи Академияи улуми Ӯзбекистон кор кардаанд. Соли 1957 эшон Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон шуданду корро аз ташкили шуъбаи физика ва математика оғоз карданд. Ба шуъбаи физика худашон роҳбарӣ мекарданд. Леонид Михайловро ба шуъбаи математика мудир монданд. Хатмкунандаҳои соли 1957-и университетро, ки аксар бачаҳои болаёқат буданд, ба кор гирифтанд. Дар муддати кӯтоҳ 5 лаборатория ташкил карданд ва ба ҳамааш кадрҳои маҳаллиро роҳбар таъйин карданд. Лабароторияи физикаи нимноқилҳо — мудир Шариф Мавлонов, ки дар Боку рисолаи номзадӣ ҳимоя кард, Лабораторияи физикаи ҷисмҳои сахт — мудир Ш. С. Мазитов, ки номзади илм буд, Лабораторияи электроника — мудир Нодир Ҳошимов, ки дар Тошканд аспирантураро хатм карда, рисолаи илмӣ дифоъ кард, Лабораторияи физикаи ядроии амалӣ — мудир Д. Абдуллоев, ки ӯ ҳам дар Тошканд рисолаи номзадӣ дифо намуд. Банда соли 1957 вақте ба кор омадам, аввал гурӯҳи шуъои кайҳонӣ ташкил кардам ва аз соли 1964 мудири лабораторияи физикаи ҳаста таъйин шудам. Яъне Султон Умаров зарфияти кадрҳои маҳаллиро ба назар гирифта, барои онҳо шароит муҳайё мекарданд.

Бо супориши он кас кормандони шуъбаи физика ва математика ба Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи омӯзгорӣ, Донишгоҳи Самарқанд ва ғайра мерафтанд. Вазифаи онҳо ҷалби ҷавонони лаёқатманди тоҷик буд, ки хоҳиши машғул шудан ба илмро доранд. Умаров онҳоро ҷамъ оварда, ба тамоми Иттифоқи Советӣ ба аспирантура мефиристоданд.  Султон Умарович соли 1936 рисолаи номзадиашонро дар Институти физика ва техникаи Ленинград дифоъ карда буданд, ки он замон бузургтарин маркази илмӣ буд. Олимони машҳур, ҳатто барандагони Ҷоизаи Нобел, академикҳо, докторҳои илм ёру ҷӯраҳои Умаров буданд. Вақте аспирантҳои тоҷик бо мактуби Умаров ба марказҳои илмии Иттифоқи Советӣ мерафтанд, ҳамон замон пазируфта мешуданд ва барояшон шароит муҳайё мешуд. Яъне эшон фигураи таъсиргузор дар ҷомеаи илмии Шӯравӣ буданд. Коре ки эшон дар 7 соли роҳбариашон барои Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом доданд, дигарон дар 70 сол ҳам карда наметавонанд. Ёдашон ба хайр.

Аввалин эътирофи ҷаҳонӣ

— Шумо ҳам рисолаи номзадиатонро дар Институти физикаи ядроии Дубна ҳимоя кардед, ки он замон ва имрӯз ҳам яке аз марказҳои муҳимтарини пажӯҳиши физикаи ядроӣ ба ҳисоб меравад.

— Солҳо 50-и асри гузашта давлатҳои аврупоӣ муттаҳид шуда, дар марзи Швейтсария ва Фаронса — CERN — (Conseil Européen pour la Recherche Nucléaire) — Маркази аврупоии таҳқиқоти ядроӣ таъсис доданд ва пажӯҳишгаронро аз тамоми давлатҳои капиталистӣ муттаҳид карданд. Иттифоқи Советӣ ҳам дар Дубна Институти физикаи ядроӣ таъсис дод, ки давлатҳои сотсиалистиро муттаҳид карда буд. Дар ҷаҳон ду институт муқобили ҳамдигар буданд. Вақте ман ба аспирантураи Академияи илмҳо дохил шудам, таҳқиқотеро, ки таҳти роҳбарии профессор В. Чердинтсев ҳанӯз дар Алма-Ато оғоз карда буд, идома додам. Соли 1960 мо экспедитсияи физикиро ба Помир — маҳаллаи Чечектии ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр ташкил кардем. Экспедитсия якҷоя бо физикони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи омилҳои ҳамтаъсири мюонҳои манфии нурҳои кайҳонӣ бо моддаро таҳқиқ мекард. Мо асимметрияи парвози нейтронҳоро ҳангоми забти мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз ҷониби ядроҳои сурб, висмут ва мис таҳқиқ намудем.

Аввалин кори илмии ман ҳам баҳододи асимметрияи парвози нейтронҳо дар раванди забти мю-мезонҳои манфии нурҳои кайҳонӣ аз ҷониби ядроҳо буд, ки соли 1962 дар маҷаллаи «Известия АН Таджикской ССР» нашр шуд.  

Банда теъдоди нейтронҳои ҳосилшавандаро ҳангоми забти мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз ҷониби ядроҳои алюминий, магний, оҳан, мис, руҳ, сурма ва сурб таҷрибавӣ таҳқиқ намудам. То ин замон дар ҷаҳон ҳамагӣ 5 эксперимент мавҷуд буд. Дар Иттифоқи Советӣ умуман чунин таҳқиқот набуд. Банда бори аввал вобастагии миёнаи шумораи нейтронҳои ҳосилшавандаро аз вазни атомии ядрои забткунанда, ядрое, ки мюонро фурӯ мебарад, муайян кардам. Нишон дода шуд, ки миёнаи шумораи нейтронҳои ҳосилшаванда ҳангоми забти мюонҳо аз радиуси ядрои забткунанда хаттӣ вобаста аст. Дар асоси таҳлили маълумоти таҷрибавӣ, бори аввал ҳароратҳои ядроҳо ҳангоми гузаштани реаксияҳои забти мю-мезонҳо ва энергияҳои ангезиши онҳо муайян карда шуданд.

Соли 1966 ман натиҷаи таҳқиқотамро дар Дубна пешкаши аҳли илм кардам. Дар он ҷо хуб пазироӣ шуд. Соли 1969 дар Будапешт дар ҳамоиши ҷаҳонӣ ин таҳқиқоти мо муаррифӣ шуд ва маърӯзаи мо беҳтарин арзёбӣ шуда, ба нашр расид. Ин якумин таҳқиқоти соҳаи физика аз Тоҷикистон буд, ки дар ҷаҳон муаррифӣ шуд…

Эксперименти “Помир”

Шумо яке аз асосгузорони Эксперименти «Помир» мебошед, ки барои омӯхтани ҳамтаъсири зарраҳои баландэнергияи нурҳои кайҳонӣ ва ядроҳои атмосфера тавассути камераҳои бузурги рентгению эмулсионӣ нигаронида шудааст ва он яке аз экспериментҳои нодири ҷаҳонӣ мебошад. Ин эксперимент чӣ гуна пайдо шуд?

— Соли 1970 банда ба Москва ба ҳамоиши илмӣ рафтам будам. Баъди баромад профессор Сергей Анатолевич Славатинский аз Институти физикаи Москва маро ба суҳбат ҷеғ зада, пешниҳод кард, ки мехоҳанд таҳқиқоти навро дар соҳаи энергияи фавқулбаланд гузаронанд ва барои он Помир мусоид аст. Онҳо ба банда пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ кунем. Ман гуфтам, ки агар роҳбарони Академияи илмҳои Тоҷикистон розӣ шаванд, ман розӣ. Он вақт академик Муҳаммад Осимӣ Президенти академия буданд. Онҳо нома фиристода, розигии эшонро гирифтанд.

Соли 1971 банда экспедитсияи ҷустуҷӯиро барои интихоби майдончаи насби камераи санҷишӣ ташкил карда, бо ҳамроҳонам 3 ҳазор км ҳудуди Бадахшонро пиёда тай карда, маҳали кӯҳии Оқ-Архарро дар шарқи Помир, дар баландии 4400-4900 метр интихоб намудем.

Қарор шуд, ки аз ҳамкоронамон аз Москва таҷҳизоти пойгоҳро то Ош ба мо мефиристанд. Вазифаи мо то Мурғоб расонида, бунёд кардани пойгоҳи таҳқиқотӣ буд. Таҷҳизот иборат аз варақҳои қурғошим аст, ки ҳар яке 1 см ғафсӣ, бараш 50 см, дарозиш 1 м ва 96 кг вазн доранд. Дар умум 60 тонна бор буд. Боз назди Муҳаммад Сайфиддинович даромадам, ки барои ба Мурғоб расонидани ин бор ёрӣ кунанд. Эшон маро ба назди ноибашон Акбар Махсумов фиристоданд. Он кас бо вазири вақти нақлиёт Исмоилов дӯстӣ доштанд. Бо як занг задан корро пазонданд. Ҳамон солҳо дар Ош базаи автомобилҳои Тоҷикистон мавҷуд буд, ки 1200 мошини боркаш дошт. Вазифаи ин мошинҳо таъмини Бадахшон буд, зеро он солҳо дар зимистон имкони аз Душанбе ба он ҷо рафтан набуд. Ин мошинҳо 800 км — 400 то Мурғоб ва 400 то Хоруғ роҳро тай карда, маводҳои ниёзи мардумро ба Бадахшон мерасониданд. Чунин як база дар Душанбе ҳам буд, ки 800 мошин дошт, ки ба аҳолии Бадахшон хизмат мекард. Хулоса, таҷҳизоти мо аз Ош ба Мурғоб расид. Ва дар байни 1 моҳ пойгоҳро мо бо масоҳати 20 метри квадратӣ сохтем ва аз натиҷа ба Маскав хабар додем.

— Эксперименти “Помир” чанд сол идома кард?

— Аз соли 1973 то пошхӯрии Шӯравӣ. Эксперименти “Помир” оҳиста-оҳиста умумииттифоқӣ шуд ва ҳамасола то 100 нафар муҳаққиқон дар он ҷо кор мекарданд. Пойгоҳи мо аз 20 метри мураббаъ ба 1000 метри мураббаъ расид ва 60 тонна қурғошими мо ба 2 ҳазор тонна баробар шуд. Ҳамасола ду моҳ мо дар Мурғоб будем. Аз академия нома мебурдам ва ҳукумати Мурғоб ба мо гӯсфанд ҷудо мекард. Як нафар чӯпон ҳам мегирифтем, ки ҳамарӯза як молро кушта ба кормандон хӯрок омода кунад. Яъне ҳама шароит муҳайё буд.  

Эксперименти “Помир” ба чӣ дастовардҳои илмӣ ноил шуд?

— Дастовардҳо зиёд буданд. Дар Эксперименти «Помир» пурнерутарин ҳодисаи ҳамтаъсири зарраҳои кайҳонии баландэнергия бо ядроҳои атмосфера сабт гардид. Ин воқеа дар байни ҷомеаи илмии байналмилалӣ ҳамчун супероилаи «Тоҷикистон» шинохта шудааст. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ банда натиҷаи ин таҳқиқотро гирифта ба Ҷопон бурдам. Ҳангоми коркарди додаҳои таҷрибавӣ, якҷоя бо физикони Ҷопон аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти кайҳонии Токио муайян гардид, ки дар ин ҳамтаъсир зарраи нурҳои кайҳонӣ бо энергияи камаш 1018 эВ иштирок дошт. Ин баландтарин энергияе буд, ки дар қарни ХХ дар ҷаҳони илм бо истифода аз камераҳои бузурги рентгено-эмулсионӣ сабт шудааст.

Талош барои “Помир”

— Гуфтед, ки Эксперименти “Помир” то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ идома кард. Баъдан сарнавишти он чӣ шуд?

— Дар солҳои 90ум молтақсимкунӣ сар шуд. Чун таҷҳизоти пойгоҳро аз Москва оварда буданд, онҳо даъвои соҳибӣ карданд. Академик Собит Неъматуллоев Президенти Академияи илмҳо буданд. Эшон барои ҳамин кор маро ба Раёсати академия ба кор даъват карда, як гурӯҳ сохтанд. Вазифаи мо мактубнависиву посухнависӣ буд. 5-6 сол талош кардему охир ҳамкасбони москвагӣ розӣ шуданд, ки он ба Тоҷикистон монад, вале хоҳиш карданд, ки дар оянда ҳамкорӣ кунем.

— То ҷое огоҳӣ дорам, аз дохили кишвар ҳам ба ин пойгоҳ дастдарозӣ шудааст?

— Бале. Ҳамон замон бархе аз мақомдорон пойгоҳ ва таҷҳизоти онро фурӯхтанӣ шуданд. Вале аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аз Барандаи ҷоизаи Нобел Абдус Салом ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон нома омад, ки пойгоҳ ҳифз шавад, зеро ин намунаи фарҳанги халқи тоҷик ва дастоварди илми тоҷик дар асри ХХ аст.

— Яъне пойгоҳ боқӣ монд?

— Бале, каме дуздӣ шуд. Наздик ба 500 тонна қурғошимро аз фурсат истифода карда фурӯхтанд. Нисфашро кормандони гумрук дар Мурғоб боздоштанд. Як қисмашро дар солҳои бесарусомонӣ физикҳои Маскав обу лой карда буданд.

— Аз дуздии он чӣ манфиат мебинанд?

— 2 ҳазор тонна қурғошим пули хеле калон аст. Баъдан, дар он ҷо миқдори зиёди углерод мавҷуд аст, ки он ҳам пул мешавад, зеро ангишти беҳтарин аст.

— Дар замони Истиқлол Экперименти “Помир” чӣ шуд?

Мо дар ҳамон солҳои кашмакашӣ дар Раёсати Академия Маркази ҷаҳонии омӯзиши кайҳонӣ таъсис додем. Марказ 16 басти корӣ дошт. Вале бозиҳо шуду марказро ба тобеияти Институт гузарониданд ва он чанд маротиба ном иваз кард. Соли 2005 Мамадшо Илолов президенти Академияи илмҳо таъйин шуданд. Эшон рафта пойгоҳро диданд ва кор ҷон гирифт. Се маротиба ҳамоиш гузаронид. Москвагиҳо як маротиба омада таҳқиқот гузарониданд. Соли 2013 бошад, Фарҳод Раҳимӣ Президенти Академия таъйин шуданд. Эшон ба реактори ядроии “Аргус” бартарият доданд, ки дору тайёр карда, касалиҳоро табобат мекунем. Вале на ин шуду на он. Ҳоло, то ҷое огоҳам, вазъияти “Аргус” беҳтар аз “Помир” нест.

— Маркази байналмилалии таҳқиқоти ҳастаӣ ҳоло фаъол аст?

Бале. Баъди рафтани ман Ризои Баҳромзод мудири он таъйин шуд. Ризо аспирантураро дар Донишгоҳи ба номи Ломоносови Москва хатм карда, яке аз кадрҳои асосӣ дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ аст. Ӯ бояд таҷрибаҳои моро идома медод. Вале ӯро аз вазифа барканор карданд. Ризо ҳоло дар соҳаи дигар кор мекунад…

— Чун дар замони Истиқлол кори асосии шумо — Эксперименти “Помир” қатъ шуд, ба чӣ кор машғул шудед?

— Бекор набудем. Кормандони Институт лоиҳа навишта, грантҳо гирифтанд. Дар асоси он корҳои амалиро сар кардем. Бо роҳбарии кормандони институт Акрам Ҷӯраев ва Ҷамшед Абдушукуров чанд лоиҳа татбиқ шуд. Аз ҷумла дар омӯзиши сатҳи радиактивнокии дарёҳои Тоҷикистон. Дар ин лоиҳаҳо банда ҳам ҳамкор будам. Чанд китоб навиштам. Мақолаҳо нашр кардам. Бояд бигӯям, ки ман ҳамаи китобҳоямро бо пули худам нашр кардаам.

Дуои модар

— Ином Бобоҷонович, имрӯзҳо бо вуҷуди он ки барномаҳои зиёд татбиқ мешаванд, вале таваҷҷуҳи ҷавонон ҳанӯз ҳам ба илмҳои дақиқ кам аст.

— Ин табиист, чун илмҳои дақиқ душвор ҳастанду заҳмати зиёд талаб мекунанд.

— Худи шумо чӣ тавр ба соҳаи физика рӯй овардед?

Мо аз ду модар 7 бародар будем. Ду бародарам, ки аз ҳамсари аввали падарам буданд, яке корманди молиёт, дигаре корманди Вазорати корҳои дохила буд. Аз модари худам, бародарам Маҳмудҷон дар Тошканд дар риштаи риёзӣ таҳсил кард. Бародари дигарам Аҳмадҷон бахши физикаи Институти Тошкандро хатм карда омад, вале соли 1943 дар ҷанг кушта шуд. Бародари дигарам Мирзо Бобоҷонов пулемётчии маъруф, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аксарият медонанд. Ғаниҷони бародарам филолог буд. Ман аз кӯдакӣ азм кардам, ки дар факултаи физика таҳсил карда, кори Аҳмадакомро идома медиҳам. Бинобар ин, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба Университети давлатӣ омадам. Моҳи июл буд. Баробари вориди бино шуданам дар даҳлез як муаллим маро дида пурсид, оё намехоҳед, ки ба факултаи физика дохил шавед? Гуфтам ба ҳамин ният омадаам. Ӯ хурсанд шуда, маро ба мизи қабул бурд ва вақте дид, ки бо медал мактабро хатм кардаам, хурсанд шуда гуфт, ки шумо бе имтиҳон донишҷӯ мешавед. Ин нафар Хоҷаеви бухороӣ буд ва дар Ленинград рисолаи номзадӣ дифо карда буд. Чун устод Айнӣ мешунаванд, ки як бухороӣ дар риёзиёт рисолаи илмӣ дифоъ кардааст, аз паяш мешаванд ва ӯро ба Душанбе меоранд. Ҳамин тавр, соли 1953 мо 32 нафар ба нахустин гурӯҳи тоҷикии факултаи физика дохил шудем. Он солҳо талабот ба дарс бисёр вазнин буд. Ҳамин аст, ки баъди соли якум ҳамагӣ 16 нафар боқӣ мондем. Банда дар симместри якум аз як имтиҳон баҳои 3 гирифта, аз стипендия маҳрум шудам. Вақти омаданам модарам бештар аз 100 сум пул дода буданд. Ба ҳеҷ кас гап назада, бо ҳамон пул то симместри дигар зиндагӣ кардам. Он солҳо дар ошхонаҳо агар борш мехӯрдед, нон бепул буд. Як хоҳарам бо шавҳараш ин ҷо зиндагӣ мекард. Рӯзҳои истироҳат ба хонаи ӯ мерафтам. Ҳамин тавр, азоб кашида бошам ҳам, хондам, зеро ин васияти модарам буд…

— Дар вақти таҳсил модарро аз даст додед?

— Бале. Ман дар 7-солагӣ аз падар маҳрум шудам. Модарам бузургворӣ карда, ҳамаи моро хононданд. Чун ман фарзанди кенҷа будам, як рӯз бародаронро ҷамъ карда гуфтанд, ки ҳамаатро хонондам, акнун пир шудам, Ином ба шумо амонат, дастгирӣ кунед, хонаду пагоҳ як бурида нонашро ёфта хӯрад. Вақте дар курси сеюм таҳсил мекардам, он кас ҳам фавтиданд. Ягон муваффақиятамро надиданд. Баъди хатми курси донишгоҳ ман оиладор шудам. Ҳамсарам дар факултаи биология мехонд. Баъди хатм ӯро дар донишгоҳ ба кор гирифтанд, маро ҳам. Мо дар саҳни факултаи иқтисод аввалин тӯйи комсомолиро баргузор кардем.

— Аҷиб аст, дар саҳни донишгоҳ?

— Бале. Дар паҳлуи факултаи физика чанд хонаи хурд буд. Якеро барои мо доданд. Хонаҳои валангор буданд. Девори хонаи мо бо гаражи ректори донишгоҳ Солеҳ Раҷабов як буд. Девор чунон тарқиш дошт, ки аз он рӯшноӣ медаромад. Як рӯз вақте ректор мошинашонро ба гараж монданд, эшонро ба хона даъват кардам. Чун шароити хона ва тарқишро диданд, гуфтам, ки мо дар рӯшноии гаражи шумо зиндагӣ мекунем. Он кас бо табассум гуфтанд, ки мақсадатонро фаҳмидам, ҳозир хона сохата истодаем, аввал ба шумо медиҳам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 1960 ба хонаи нав кӯчидем. Духтарам Хуршеда дар ҳамон ҳавлии вайрона таваллуд шудааст. Ҳоло доктори илм ва мудири маркази биотехнологияи Донишгоҳи миллӣ аст. Ҳар гоҳ ба ӯ шӯхӣ мекунам, ки ту дар донишгоҳ таваллуд шудаӣ…

— Дар бораи як духтаратон гуфтед. Фарзандони дигаратон машғули чӣ коранд?

— 5 фарзанд дорам. Яктоашро гуфтам. Ду духтари дигарам духутур ҳастанд. Як духтарам бо шавҳараш дар Лондон кору зиндагӣ мекунад. Писарам ҳам корманди созмонҳои байналмилалӣ аст.

Боз 90-солагӣ

— 90 умри кам нест.

— Бале, шукр, ки ба ин син расидам.

— Худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

— Хеле хуб. Худамро мисли ҷавонҳо эҳсос мекунам.

— Ин чӣ асрор дорад?

— Ҳеҷ. Сабаб шояд дар он аст, ки ман оилаи нағз доштам. Фарзандони беҳтарин дорам. Байнашон нофаҳмӣ нест. Ҳамаашон ба ман бисёр меҳрубонанд. Намегузоранд, ки аз чизе танқисӣ кашам. Равуои хешу табор ҳам ҳаст. Ёру ҷӯраҳо дорам, ки бо онҳо вақт мегузаронам. Набераҳо ҳастанд, ки аз ҳолам хабар гирифта меистанд. Аз дастовардҳои онҳо хурсанд мешавам, ҳоло яке дар Полша, яке дар Олмон, яке дар Амрико, яке дар Бишкек…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image