Аз Шарифҷон омӯзед! Дар ҳошияи мавлуди марди сухан

… Аудитория хомӯш буд ва ба қавле, пашша пар намезад. Устод баъд аз пурсиши донишҷӯён аз ҷавобҳои яке розию аз дигаре хафа, ба мавзӯи нав оғоз намуд. Шарифҷон Ҳусейнзода байни қатори нишастгоҳҳо солор қадам мезаду бо тамкини танҳо ба худаш хос ва бо симои ниҳоят ҷиддӣ ва гоҳе ба мӯйи сари зебо шоназадааш даст бурда, дар бораи адабиёти қадими тоҷикон сухан мегуфт:

“Самарқанди қандманд,

Ба инат кӣ афканд?…”

… ва ба чеҳраи ҳар кадоме бо диққат менигарист…

Баногоҳ дар рӯ ба рӯи мизи аввал истода, бо ҳарорат гуфт:

— Аз Шарифҷон омӯзед,- ва пас аз сонияе илова намуд,- ана аз ин Шарифҷон… Ҳамдамов имрӯз ба ҳамаи саволҳо ҷавоби дуруст гуфт. Дарсро ана ҳамин хел аз худ кардан лозим…

Ҳама, яке бо ҳасад, дигаре бо ҳайрат ва савумӣ бо ҳавас рӯ ба тарафе, ки он ҷо донишҷӯи соли аввал Шариф Ҳамдамов менишаст, оварданд. Зеро ба таърифи устод Ҳусейнзода сазовор шудан, мисли он буд, ки бо нохун санги хороро бурӣ ва шояд ин яке аз аввалин мукофотҳои олидараҷае буд, ки ӯ дар тӯли умри ҳафтодсолааш сазовор шудааст. Чун Шарифҷон дар гурӯҳи дигар таҳсил мекард, танҳо ҳамон вақт фаҳмидам, ки ӯ ҳамдиёри ман будааст ва бо вай он лаҳзаҳо хеле фахр кардаю то имрӯз аз ӯ ифтихор дорам ва аз ӯ меомӯзам…  

… Маҳмадшариф пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо он донише, ки аз устодони тоҷики худ гирифта буд, иктифо накарда, ба машҳуртарин ва баобрӯтарин донишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Университети ба номи Ломоносови шаҳри Маскав дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуд ва аз ҳамон вақт киштии худро ба шино кардан дар баҳри бекаронаи матбуот даровард ва имрӯз маълум гардид, ки ин киштӣ новобаста аз тӯфонҳои хурду бузурги рӯзгор, муваффақона ба соҳили мурод расидааст…

… Маҳмадшариф фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз муҳарририи илмии маҷаллаи “Коммунист Таджикистана” оғоз намуда, минбаъд бо даъвати роҳбарияти газетаи “Омӯзгор” ба он ҷо ба кор омад ва то замони нашри газетаи парлумонии “Садои мардум” (соли 1990) он ҷо фаъолят намуд. Маҳз пас аз он, ки “Садои мардум” ба майдони матбуоти тоҷик ворид гардид ва Шарифҷон ба ҳайси муовини сармуҳаррир таъйин шуд, сифатҳои инсонию ҳисси ватанпарастии ӯ аён гашт. Он замон аввалин сармуҳаррири ин нашрия раҳматии Муродулло Шерализода буд ва Ҳамдампур низ дар ҷодаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар баробари роҳбари худ истодагарӣ мекард. Ҳоло агар саҳифаҳои алакай зардшудаи нашрияро, ки замони кори Маҳмадшариф чоп шудаанд, бардоред, мебинед, ки дар он солҳо ӯ чӣ гуна ба муқобили ҷудоихоҳон ва ҷоҳталабони он замон бо мақолаҳои тезу тунди худ баромад кардааст. Дар он замони пуршӯру шар на ҳар журналист метавонист ин тавр сухан гӯяд. Ин аст, ки душманони давлату миллат сармуҳаррирро ҳадафи худ қарор доданд…

“Бузургонро бузургон зинда медоранд” гуфтан маънои басо чуқуре дорад ва ин амал танҳо хоси он бузургонест, ки қадри одаму одамгариро донанд. Дар нашрияи “Тоҷикистон”, ки дар байни матбуоти ҷамъиятии кишвар пешсаф асту то имрӯз самуҳарририи он ба дӯши Ҳамдампур мебошад, ҳамасола гузаронидани озмуни ба номи Муродулло Шерализода байни журналистон барои мақолаҳои  беҳтарин, худ баёнгари ҳол аст…

Тавре аз навиштаҳои ӯ бармеояд, шояд Шариф Ҳамдампур ягона журналисти тоҷик бошад, ки ҳар як ҷумлааш бори маънӣ мекашаду ҳадафманданд ва дигар ниёз ба таҳрир надоранд. Зеро агар онро муҳаррире таҳрир кардан хоҳад, мебинад, ки агар ҷумлаеро гирад ва ё зам кардан хоҳад, ҳадаф ба нестӣ меравад. Чунин ашхоси қалакашро “устоди сухан” мегӯянд ва ин воқеиятест, ки ҳар хонанда метавонад пас аз мутолиаи маводҳои навиштаи ӯ онро  дарёбад.

Ҳамдампур ба ғайр аз он, ки рӯзноманигори муваффақ аст, ҳамчунин роҳбари хуб ва серталабест, ки на худ ором мешинаду на зердастонашро ором мегузорад. Санъати роҳбарии ӯ ҳанӯз дар замоне, ки дафтари матбуоти Кумитаи гумрукро  роҳбарӣ мекард, аён гашта буд. Маҳз дар давраи роҳбарии аввалин гумрукчии тоҷик генерал Худойқул Ҳамроқулов, ки бо супориши Роҳбари Давлат ин сохторро поягузорӣ карда буд, ӯ ҳамчун рӯзноманигори асил тавонист ин маркази матбуотиро созмон дода, онро ба як манбаи маълумоти дақиқу воқеӣ табдил диҳад. Ин тарзи роҳбарӣ ва ин тарзи омӯзиши кормандони ҷавонро то имрӯз давом дода, ӯ тавонист як зумра журналистони номдори кишварро ба воя расонад, ки аксаран то имрӯз худро барҳақ шогирди Шариф Ҳамдампур меҳисобанд.

Бо Шимон Перес, собиқ президенти Исроил

Шариф Ҳамдампурро ҳамчунин дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он чун публитсисти воқеъбин ва ҳақнигор мешиносанд. То ин замон чандин асарҳои хурду бузурги ӯ дастраси хонанда гадидаанд, ки оғози он нашри китоби “Похищенный алфавит» ба забони русӣ мебошад. Минбаъд китобҳои вай бо номи “Тафсилоти як сафари пурхатар”, ”Тоҷикон дар суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин”, “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст”, “Бободжон Гафуров летописец истории таджикского народа” буда, ҳамчунин муаллифи филмномае дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Тавре мебинем, Шариф Ҳамдампур ба ҳаёти бузургони миллат, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи хоса дорад ва барҳақ имрӯз ӯро метавон яке аз муваффақтарин ғафуровшиносони кишвар арзёбӣ кард.

Ҳамдампур тавонист дар Тоҷикистон нашри рӯзномаҳои русии “Аргументи ин факти” ва “Комсомолская правда”-ро бо иловаи саҳифае аз ҳаёти кишвари худамон чоп кунад. Ин ҷо бояд як ҳодисаеро ёдрас намоем, ки бори дигар ба миллатдӯстии ӯ далолат мекунад. Чанд сол пеш яке аз муаллифони газетаи русии “Комсомолская правда” дар як мақолаи худ миллати тоҷик ва тоҷиконро таҳқир намуда буд. Он замон Ҳамдампур чун ношир аз сармуҳаррири он талаб намуд, ки  ин мақолаи иғвоангез аз саҳифаи рӯзнома бардошта шавад, дар акси ҳол нашри  “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон боздошта мешавад. Аммо ҷониби дигар инро  як таҳдиди бепоя гумон карда, талаби ӯро ба инобат нагирифт. Ҳамдампур низ ба ин талаби худ истодагарӣ намуд ва ниҳоят, ҳарчанд ин иқдом ба зарари иқтисодии гурӯҳи нашрияҳое буд, ки таҳти сарпарастии Ҳамдампур буданд, нашри ин рӯзномаро дар кишвари мо қатъ намуд.

Бо нависандаи рус Александр Проханов

Обрӯи Шариф Ҳамдампур дар байни журналистони кишварҳои собиқи Шӯравӣ хеле баланд аст ва беҳуда нест, ки ӯро ҳамкасбони хориҷиаш ба ҳайси узви Клуби сармуҳаррирони ИДМ пазируфтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ заҳматҳои ин марди суханро бо ордени “Шараф” қадрдонӣ намудааст.

Шарифҷон соҳиби фарзандону наберагони кордону солеҳ ва мисли худаш ватанпарасту озодаандеш мебошад, ки ҳоло дастгири падару бобои номдорашон ҳастанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама кори худ аз вай пайравӣ кунанд. Зеро “Мактаби Ҳамдампур” танҳо баҳои ҳамкасбонаш нест ва дар он ҳар касе, ки дилогоҳу инсони комил шудан хоҳад, метавонад таҳсил кунад.

Кормандони медиа-холдинги «Оила»

Бале, ҳоло Шарифи мо 70-сола шуд, аммо тавре худаш мегӯяд, “фактори синнусолӣ” аз паҳлуяш гузашта меравад. Ӯ чун ҳамеша чаққону бардам ва сараш пур аз идеяҳои нав ба нав аст. Ҳамчун як дӯст ва як ҳамсабақу ҳамсолу шогирди таҳсилдидаи “Мактаби Ҳамдампур” ба ин шахсияти барои ман азизу шариф аз Худованд боз 70-и дигар ва саломатӣ талаб намуда, ба шогирдони имрӯзааш суханони устоди арҷманд Ҳусейнзодаро такрор мекунам: Аз Шарифҷон омӯзед!

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *