Аз Сингапур то Амрико. Квотаи таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз донишгоҳҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия, Русия, Қазоқистон ва Беларус квотаи таҳсил ҷудо шудааст.
Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар барои зинаи бакалавр ва магистратура дар бонуфузтарин муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсил кунанд. Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар зинаҳои магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои номбурда аз рӯйи 16 ихтисос, аз ҷумла, сохтмону шаҳрсозӣ, нанотехнология, кишоварзӣ, биоинформатикаю биотехнология ва ғайра бурсияҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон, Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул менамояд.
Барои довталабони зинаи бакалавр квотаҳо аз рӯйи 52 ихтисос дар зиёда аз 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон пешниҳод шудаанд.
Инчунин нафароне, ки дар зинаи мутахассис таҳсил кардан мехоҳанд, метавонанд 4 ихтисосро аз муассисаҳои олии Русия, Қазоқистон ва Беларус интихоб намоянд.
Дар зинаҳои аспирантураву докторантура ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 5 марти соли 2023 идома меёбад.
Хароҷоти таҳсил, хобгоҳ ва суғуртаи довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.
Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.
Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ