Аз СССР -парастӣ то манқуртӣ дар суҳбати Барзу Абдураззоқов (видео)

Бо режиссёр Барзу Абдураззоқов, ки солҳои охир дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунад, дар хона-музейи падараш Ҳабибулло Абдураззоқов, ки чанд рӯз пеш ифтиттоҳ шуд, суҳбат оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.

Суҳбати видеоиро бо Барзу Абдураззоқов дар YouTube канали Pressa.tj тамошо кунед.

Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов

-Фикри бунёди Хона-музейи Ҳабибулло Абдураззоқов аз куҷо пайдо шуд?

-Ин идея аз апаи Шарофат аст (Шарофат Рашидова – ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов – О.Н.). Он кас метавонистанд, мероси падарро байни фарзандон тақсим кунанд, вале гуфтанд, ки бигзор он пароканда нашавад ва ба фарзандону набераҳо ва дӯстони падар, чун ёдгорӣ бошад. Ин идея ба ҳама писанд омад. Лоиҳаи хона аз бародарам Шаҳбол ва писарам Беҳрӯз аст. Корҳои сохтмониро низ онҳо анҷом доданд.

-Тавре мушоҳида кардам, дар ин хона камтар осори ҳунари актёрӣ ва режиссёрии Ҳабибулло Абдураззоқов аст. Бештар коллексияи ороишоти нуқрагиву заргарӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ғайра дар ин ҷо ба номиш гузошта шудааст.

-Ин аз се як ҳиссаи коллексияе аст, ки падарам бо апаи Шарофат ҷамъоварӣ кардаанд. Барои мисол аз либосҳои қадимӣ, аз фаранҷиҳо, ҳоло беш аз 20 то, аз сӯзаниҳо қариб 300 то ва миқдори зиёди ороишоти нақрагӣ, кӯзаҳо ва дигар ашёҳо боқӣ мондааст, ки агар ҳамаро ба намоиш гузоранд чанд баробари ин хона мешавад. Падарам инро коллексия намегуфтанд. Мегуфтанд, ин осорест, ки ман аз хориҷа рафтан наҷот додам. Зеро эшон гумон мекарданд, ки агар ин чизҳо аз ватан берун равад, кишвари мо чизеро бой медиҳад…

-Ин коллексияро аз кадом сол падаратон ҷамъоварӣ мекарданд? 

-Дақиқан намедонам. Зеро дар ин ҷо чанд ороишоти нуқрагӣ аз бибиам ва аз аммаи падарам низ ҳаст. Бубинед, падарам патриоти ҳақиқӣ буданд. Ватанашонро бисёр дӯст медоштанд. Ҳеҷ гоҳ иҷоза намедоданд, ки дар ҳузурашон касе Тоҷикистонро танқид кунад. Ин коллексия низ аз меҳри зиёд ба Ватан ҷамъоварӣ шудааст.  Дадам инҳоро барои фурӯхтан ҷамъ накарда буданд. Тавре гуфтам, мехостанд, ин мероси гузаштагонро аз нестӣ наҷот бидиҳанд.

Баҳои падар

-Шумо кай дарк кардед ки падари машҳур доред?

-Вақте аз Шаҳрнав ба мактаби №53-и шаҳр омадам, хониши хуб надоштам. Маро сарзаниш мекарданд, ки наход писари фалон одам баҳои 2 бигирад ва ҳатто мегуфтанд, ки ҳайфи насабе, ки дорӣ. Аз он давра дарк карда будам, ки падари ман одами машҳур аст. Вале ин барои ман бисёр аҳамият надошт. Ман мехостам, ки дар кор бубинам, ки падарам чӣ гуна актёр ҳастанд. Соли 1992 дар Театри Камоли Хуҷандӣ намоиши “Шапарак хоб дид”-ро ба саҳна гузоштанӣ шудам ва барои иҷрои нақши Талгатбек падарамро даъват кардам. Он кас розӣ шуданд. Ҳамин тавр, худораҳматӣ Муҳаббат Сатторова, Қурбони Собир, ман ва падарам озими Хуҷанд шудем ва бо актёрони театри Хоҷа Камол ба тамрини намоиш оғоз кардем.  Ман ҳоло таърифи падарамро намекунам, ҳамчун режиссёр дар бораи актёр ҳарф мезанам. Нигоҳи эшон ба касб, кор кардан бо нақш, муносибат бо актёроне, ки то 50 сол аз эшон хурд буданд, интизоми корӣ… ҳамаро мушоҳида мекардам. Эшон беш аз ҳама кор мекарданд. Нақшашон ҳам ҷиҳати эҳсосот ва ҳам аз нигоҳи ҳаракат бисёр душвор буд, вале бо вуҷуди ин ҳам ба ҳама кӯмак мекарданд. Ин қадар падарамро давонидам, ин қадар танқид кардам… вале Ҳабибулло Абдураззоқов як бор нагуфт, ки а бача ту чӣ кор мекунӣ, ҷавонҳо дар бораи ман чӣ фикр мекунанд. Бо ин намоиш мо ба Аврупо рафтем. Дар Олмону Фаронса муйсафеди падар баробари мо бор мекашонид. Агар дар замин хоб равем, бо мо мехобид. Намегуфт, ки бубахшед, ман ҳунамранди мардумии Тоҷикистонам ва синнам аз 70 гузаштааст… Ин таҷриба нишон дод, ки падари ман актёри хеле хуб аст. Инро ҳамон сол ман барои худам имзо кардам.

-Режиссёрҳо шеваи мухталифи кор доранд. Бештарашон зиёд асабӣ мешаванд ва барои ба мақсад ноил шудан актёрро азоб медиҳанд. Шумо ҳам ба падар ва ҳам бо модаратон дар саҳна кор кардед. Чӣ гуна тавозунро нигоҳ медоштед?

-То шуруъи кор падар падар асту модар модар. Баъд аз оғози кор ҳама баробар аст. Илова ба падару модарам ман то тағоям Исфандиёр низ зиёд кор кардаам. Ман бо ҳама муносибати баробар дорам. Модарам аст, гуфта таспи корро паст намекунам. Ин монанди киштии Одисея аст, ки ба он ки савор шавӣ, баробри ҳама бел мезанӣ.  Фарқ надорад, ки чандсолаӣ, чӣ унвону мукофот дорӣ. Кор ки тамом шуд, баъд муносибати оилавӣ, меҳрубонӣ…

-Падару модаратон устодони соҳибтаҷрибаи саҳна буданд. Онҳо ба корҳои шумо чи баҳо медоданд?

-Модар модар аст. Ӯ нокомии маро ҳам олӣ мегуфт. Худам медонистам, ки муваффақ нашудам, вале ӯ тавсиф мекард. Вале падарам сахтгир буд. Аз ӯ баҳои 3 гирифтане баробари ҷоизаи Нобелӣ буд. 

“Намеоӣ!?”

-Солҳои охири умрашон бо падаратон чанд маротиба вохӯриву суҳбат доштам. Эшон аз он нигаронӣ мекарданд, ки шумо солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолият намекунед…

-Бале. Ҳамавақт мегуфтанд, ки Барзуҷон, ҷойи ту Тоҷикистон аст. Аммо падарам тарафи дигари масъаларо намехостанд бубинанд, ё дарк намекарданд ё бовар намекарданд, ки ман ин ҷо имкони кор кардан надорам. Парер рӯз аз як кас гуфт, ки гӯё вазири фарҳанг гуфтааст, ки Барзу ояду ҳар ҷо ки хоҳад кор кунад. Вале Барзу биёяд нест. Бояд Барзуро даъват кунанд. Ва кор пешниҳод намоянд. Моҳи апрел ман дар як мамлакат спектакл мемонам. Кор аз моҳи август оғоз шуд. Ҳар рӯз мо дар алоқа ҳастем. Бо рассом, бастакор ва актёрон маслиҳату машварат мекунем… Ин кор аст. Инҳо маро дар кӯча мебинанду мегӯянд, “Намебиёӣ?!”. Ҳар вақт мегӯянд, ки мо гуфтем, ки Барзу намеояд ин ҳамон “Намебиёӣ?!” аст. Ин “Намебиёӣ?!” кай, соати чанд, бо кадом мақсад, надорад. Баҳонаи дигар он аст, ки мо ӯро намеёбем. Маро аз Полша меёбанд, аз Австралия меёбанд, аз Прибалтика меёбанду аз кӯчаи Рӯдакӣ не… Падарам инро қабул намекард. Мегуфт, биё! Ман пеши кӣ оям? Чӣ гуфта оям? Ман ҳатто вазирҳоро намешиносам.

-Шояд ба хотири он ки шумо худатон ба соҳаи фарҳанги тоҷикистон таваҷҷуҳ надоред?

-Таваҷҷуҳ надорам, ба он сабаб, ки ман дар ин ҷо нестам. Барои он ки ҳамкорӣ надорам. Инҳо ба ман кор надоранд, ман ба инҳо. Чаро ба театрҳои Ӯзбекистон таваҷҷуҳ дорам, ба театрҳо Қазоқистон таваҷҷуҳ дорам? Чун ки онҳо ба ман таваҷҷуҳ доранд, аз ҳолу аҳволам хабар мегиранд. Суҳбатҳо мекунам, мастре-классҳо мегузаронем, нақшаҳо мекашем, асарҳоро ба саҳна мегузорем… Ин ҷо ба ман касе кор надорад. Барои мисол ман Театри Лоҳутӣ меравам, ассалом мегӯям. Мегӯянд, чӣ мехоҳед? Мегӯям, ҳамин хел омадам. Омада бошӣ, тамошо куну баро рав, мегӯяд. Маро шояд аз даромадгоҳи театри ҷавонон роҳ надиҳанд. Ё ба Вазорат чӣ гуфта равам? Салом ба ман кор диҳед…

-Шояд ба хотири он ба шумо мароҷиат намекунанд, ки театрҳои мо имкони молии даъват кардани шуморо надоранд?

-Гап дар хоҳиш аст. Барои мисол театри Х маро ҷеғ зада гӯяд, ки ҳамин қадар маблағ дорем, шумо дар саҳнаи мо спектакл монед. Ба фикри шумо ман розӣ намешавам? Шумо бовар доред, ки ман шароити кишварамро дониста, не ба ба ман 100 ҳазор доллар диҳед мегӯям? Не! Ман ҳатман розӣ мешавам, ба шарте ки ҷуръат карда занг  зананд.

Ман манқурт ҳастам

-Охирин кори шумо намоиши “Манқурт”-ро дар Тоҷикистон манъ карданд. Сабаб чӣ буд?

-Ман 2 моҳи холӣ доштам. Чанд актёр омада хоҳиш карданд, ки агар бекор бошед, ҳамроҳ кор кунем. Ман ки 14 сол дар Тоҷикистон кор накардаам, розӣ шудам. Бидуни маблағ. Хӯрокамон пирожкӣ ва салат буд. На ман маблағ пурсидам, на актёрон. Ман аз рӯйи асари Чингиз Айтматов намоиши “Манқурт”-ро хостам ба саҳна гузорам. Чаро манқурт? Аз рӯзи аввал ба актёрон фаҳмонидам. Гуфтам, бародарон Манқурт манам! Чун дарк кардам, ки Манқурте, ки дар роман аст, асари автобиографии Чингиз Айтматов, дарди дили ӯст. Ӯ нагуфтаст ки қирғиз манқурт аст ё тоҷик ё ягон миллати дигар, ӯ Манқурт гуфта, худашро дар назар дорад, ки хизмати жуанжуанҳоро тамоми умр мекард. Орден гирифт, Қаҳрамони меҳнати сотсиалстӣ шуд, мукофоти давлатӣ гирифт, ҳарчанд медонист, ки кушандаи падараш дар пушташ аст. Ман ҳам гуфтам, ки ман манқуртам ва дар бораи худам асар мемонам. Ва мо он Манқуртро гардонидем ба тоҷикӣ. Қаҳрамонҳоро тоҷик, карда чанд ҷумла илова кардам. Вале барои ин аз устод Айтматов виртуалӣ иҷозат пурсидам. Гуфтам “Устод, ҳамин чиз дар асар ҳаст вале иҷозат, деҳ, ки онро васеъ кунам.” Ба он ҷӯйборчаи деҳа, ҳавлича алафу чинори деҳа ва дигар муҳити тоҷикиро илова кардам. Инро дида, Шӯрои бадеӣ асарро манъ кард. Дар хулосае, ки Вазорати фарҳанг додааст, се эрод гирифтаанд, инро ба ҷавонон нишон додан мукин нест, режиссёр диди худашро ворид кардааст ва сеюмаш барои дӯстии байни халқҳои русту тоҷик халал ворид мекунад. Ҳол он ко мо ба Русия кор надорем, мо НКВД-ро гуфтем…

-Яъне меҳнати шумо бар ҳадар рафт…

Бале. Натанҳо ин. Қаблан “Девонагии соли 93” ва “Муҳоҷирон”-и маро низ манъ карда буданд. Он замон талаб кардам, ки муҳоҷирпонро ба ҳукумат нишон диҳед, худи ҳукумат қабул мекунад, зеро он дарди тоҷикон аст, аммо…

-Дар Ӯзбекистон ҳам “Фарҳод ва ширин”-атонро манъ карданд…

-Бале. Он масъала каме сиёсӣ шуд. Феълан дар Ӯзбекистон Алишери Навоӣ муқаддасоти миллӣ аст. Вақте ҳайкали Ленинро гирифтанд, ба ӯ саллаву риш гузошта ба ҷояш Навоиро гузоштанд. Бинобар ин, онҳо намехостанд, ки ҳақиқати таърихиро дарк кунанд. Фарҳоду Ширин дар синф шинос мешаванд ва намоиши мо ҳам дар даруни синф мегузарад. Олимони ӯзбек қаҳрашон омад, ки ман ба онҳо саллаву ҷома напӯшонидам. Вақте гуфтам, ки ин воқеа дар Арманистон мегузарад, замони салтанати парвизи 2 аст, ки он замон Ислом набуд… Вале онҳо ба ин чиз иҷозат надоданд…

Паспорти СССР дар мағз

-Ба андешаи шумо барои чӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, алалхусус дар кишварҳои мо тағйир ёфтан намехоҳанд. Тавре гуфтед, ба ҷойи Ленин ба дигаре саллаву калла монда идеал месозанд? Чаро мехоҳанд, ҳамеша пойбанди ақидаҳо бошанд?

-Барои он ки мардуми мо ҷоҳиланд. Дар матретсаи милли мо ва миллатҳои пасошӯравӣ тафаккури советӣ ҳанӯз нақш бастааст, чун мардуми мо аз ин зиёдро надидааст. Аз Кремл фаротар нарафтаасту надидасту нашунидааст. Бадабахтии, миллати мо дар ҷавононаш нест, бадбахтии ин миллат мӯйсафедонаш аст. Ин миллатро мӯсафедони ахмақаш вайрон карданд. Онҳое, ки духон буданд, бангӣ буданд, базӯр ба ягон мактаби олӣ дохил шуда, таҳсил карданд, дар даврони шӯравӣ дуздиву ғарӣ ҳам карданд ва баъд фарзандонашонро дар рӯҳияи “СССР хуб буд” тарбия карданд…

-Бале, то ба ҳол мегӯянд, ки хизмат дар армия шӯравӣ беҳтарин буд…

-Аввалин чизе, ки баъди хизмат мепурсиданд, он буд, ки чанд бор заданд. Инҳо вая зад, мо озарбоёҷониҳоро задем, қазоқҳо хахолҳоро заданд.

Бо вуҷуди он онро дӯст медоранд. Ҳама мехоҳанд, ки ё соли 91 шавад ба СССР баргардем ё ба Русия равем. Барои ҳамин мо забонамонро дӯст намедорем. Дар ягон супермаркети Душанбе овезаи тоҷикиро намебинед.  “Джургот” менависад. Хазинадор бо шумо русӣ гап мезанед, гарчанде базур гап мезанад. Чун эрод мегиред, мегӯяд, мо одат кардаем… Ин фоҷеаи миллати мост.

-Ба андешаи шумо кай тоҷикмеҳварӣ оғоз мешавад?

-То замоне, ки хатамонро барнагардонем, аз тоҷик буданамон ифтихор накунем, ғурури миллӣ надошта бошем, чизе тағйир намеёбад, зеро ва паспорти СССР дар мағзҳо мондааст. Барои ҳамин тоҷик парво надорад, хонаша обод намекунад, таърихашро намеомӯзад, этнографияашро намеомӯзад. Чун дар фикраш ба Русия рафтан аст. Агар дигар мебуд мамлакатамонро обод мекардем. Беҳтарин режисёрҳоро даъват карда, театрамонро  рушд медодем. Беҳтарин бастакоронро даъват карда, консерваторияамонро обод мекардем. Охир Тоҷикистони мо биҳиш аст. Фақат онро дӯст доштан лозим.

-Дирӯз як нафар намоиши “Найрангҳои Майсара”-и Театри Камоли Хуҷандиро интиқод карда, навиштаст, ки то кай театри мо ба драматургияи солҳои 30 сарукор мегирад. Зеро маълум аст, ки ин асарҳо аксар идеологӣ ҳастанд. Воқеан театри тоҷик имрӯз гирифтори буҳрони драматургон аст. Чӣ бояд кард?

-Ҳамааш як реша дорад, ки касе чизе намехонад. Ин буҳрони  фарҳангӣ аст. Мо вақте мегӯем, ки театр гирифтори буҳрон аст, вале фикр намекунем, ки мактабҳо ҳам ҳамин ҳолро доранд, динишкадаҳо ҳам… Касе хондан намехоҳад. Касе кор кардан намехоҳад. Дар театрҳо чизе аз вазорат биёранд, ҳамонро ба саҳна мемонад. Касе дар фикри он нест, ки равем, омӯзем, барои мисол аз Литва ё Қазоқистон режиссёр даъват кунему кор кунем… нест. Бояд умедро ба мардум баргардонем, дили мардумро гарм кардан лозим. Дар ин кор нақши театр муҳим буда метавонад. Театр муъҷиза аст. Шумо оташи муқаддасро медонед, ки насрониҳо дар рӯзи пасха, дар мазори Ҳазрати Исо меафрӯзанд ва ба ҷаҳон паҳн мекунанд. Театр ҳам мисли ҳамин аст. Тасаввур кунед, ки 400 нафар ҳамарӯза, дар толор намоиш тамошо кунанд, он гармиро бо худ мебаранд ва онро агар ба 2 нафари дигар интиқол диҳанд, 1200 нафар аз он баҳра мебардорад. Театр чунин муъҷиза аст. Ҳамин тавр миллат тарбия меёбад ва рушд мекунад…

Мусоҳиб Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *