Аз стратегия то воқеияти ҳамкорӣ
Мусоҳибаи ихтисосии сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов
Мусоҳибаи ихтисосии сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов
-Ҷаноби сафир, чанде пеш шумо аз сафар ба Ҷумҳурии Тотористони Россия баргаштед. Ҳадафи сафар чӣ буд?
— Албатта, ҳадаф таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия буд. Ҳамчунин 20 марти соли ҷорӣ сафари кории Президенти Тотористон Рустам Минниханов ба Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин сафар ӯро ҳайати бонуфуз, аз ҷумла намояндагони бахши иқтисодӣ ва доираи соҳибкорон, ҳамроҳӣ мекунанд.
Мо ният дорем, ки равобити ҳамкорӣ дар соҳаҳои аграрӣ, мошинсозӣ, илму маориф, тиббӣ ва фарҳанг устувортар гарданд. Дар Тотористон тақрибан 33 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бе мушкилот ва дар фазои озод фаъолият доранд, ки бо кору зиндагии онҳо шиносоӣ пайдо кардем.
Дар рафти сафар бо донишҷӯён ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Қазон ҳамсуҳбат шудам. Ҳоло зиёда аз 1000 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таълимоти олии Тотористон илм меомӯзанд. Теъдоди онҳо дар Донишгоҳи шаҳри Қазон наздики 300 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, аз корхонаҳои саноатии Тотористон боздид анҷом додем, имкониятҳои онро омӯхтем. Воқеан иқтидору зарфияти сармоягузории онон ба Тотористон хеле зиёд аст. Масалан, роҳбарияти ширкати мошинсозии “КамАЗ” омодагӣ ҷиҳати дар Тоҷикистон таъсис додани як корхонаи саноатии бандубасти (сборка) мошинҳои КамАЗ-ро зоҳир намуданд. Субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистон метавонанд дар соҳаҳои мухталиф, ба монанди тиб, кишоварзӣ, чорводорӣ бо Тотористон ҳамкорӣ кунанд. Аз ҷумла, картошкапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширу гӯшт дар Тотористон дар сатҳи баланд қарор дорад.
— Мутахассисон яке аз омилҳои муваффақияти Тотористонро дар он медонанд, ки аввалин шуда, ҳукумати электрониро дар Россия ҷорӣ намуданд. Оё имкон дорад, ки таҷрибаи онҳо омӯхта, дар Тоҷикистон амалӣ карда шавад?
— Медонед, аслан дар Тоҷикистон масъалаи омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва рақамикунонии иқтисод ва ҳукумати электронӣ барвақт шурӯъ шуда буд. Айни замон низ он раванд идома меёбад. Рақамикунонии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити муосир бисёр зарур аст. Ин корро мо карда метавонем, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар баъзе самтҳо пешсаф ҳам ҳастем. Масалан, дар вақташ бо ташаббуси муҳтарама Озода Раҳмон Эмомалӣ, ки дар сатҳи роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият доштанд, низоми таҳияи шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти биометрӣ, раводиди электронӣ, шиносномаи дохилии биометрӣ бомуваффақона ҷорӣ шуд. Имрӯз, мо чунин пешрафтро дар самти шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ мебинем. Ҳамаи ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки мо барои роҳандозии пурраи рақамикунонии иқтисоди кишвар низ қодир ҳастем.
Албатта, ҳукумати электронӣ низоми баррасии ҳуҷҷатҳо ва коргузориро ба маротиб сода ва босуръат мегардонад, дар муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ҷалби бештари сармоягузорон мусоидат мекунад. Айни замон рақобат дар бозори ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя аст.
-Шумо ба ҳайси сафир ба минтақаҳои Россия зиёд сафар доред, бо коршиносон, сармоягузорон мулоқот мекунед. Сармоягузорони Россия чӣ дархостҳое аз кишвари мо доранд?
— Хоҳиши асосии онҳо таъмини фазои озоду мусоиди сармоягузорӣ, низоми сода ва муносиби андозбандӣ аст. Аввалин саволе, ки онҳо медиҳанд, ҳадди андоз мебошад. Дуюм, нархномаҳо (тарифаҳои) гумрукӣ. Ба ин масъалаҳо сармоягузорон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Рушди коммуникатсионӣ, дастрасии бемайлон ба интернет ва арзиши хидматрасониҳо низ барои сармоягузорон муҳиманд.
— Ҳолати ҳамкориҳо бо Россия дар самти ҷалби сармоя чӣ гуна аст?
— Соҳибкорон ва ширкатҳои Россия дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин якчанд ширкату корхонаҳои васлу насби таҷҳизоти электрикиро бунёд карданд. Мо зимни мулоқотҳо бо доираҳои соҳибкорон чандин намояндагони ширкатҳои хурду миёнаро барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ роҳнамоӣ кардаем. Аммо на ҳама кор аз фаъолияти сафорат вобастагӣ мегирад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки сармоягузори хориҷиро пайдо кунем ва дар барқарории ҳамкорӣ бо сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намоем.
Айни замон, дар Тоҷикистон беш аз 100 ширкати муштараки Тоҷикистону Россия, инчунин корхонаҳо ва муассисаҳои алоҳида бо саҳми Россия фаъолият мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ саҳми Россия дар бахшҳои иқтисоду сармоягузории Тоҷикистон тақрибан 30% буда, гардиши савдо миёни ду давлат дар даҳ моҳи соли 2018 тақрибан 845 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми сармояи ҷамъшудаи Россия 1,3 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Айни замон мо дар самти муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон фаъолиятро идома медиҳем. Ҳоло мақсади асосӣ ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорон ба татбиқи тарҳҳо дар манотиқи сайёҳӣ мебошад.
— Имсол бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷашни Наврӯз дар шакли фестивал баргузор мегардад. Аз нигоҳи шумо, то кадом андоза чунин як фестивал барои ҷалби туристони Россия ба Тоҷикистон мусоидат мекунад?
-Ин идеяи бисёр хуб аст. Мо имрӯзҳо шоҳиди рушди бемайлони Душанбе ҳастем ва симои ҳам замонавӣ ва ҳам дорои арзишҳои миллии пойтахти Тоҷикистонро мебинем. Албатта, он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва фароғатӣ, ки бо таҷассуми арзишҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, худ яке аз омилҳои таблиғи сайру саёҳат аст. Имрӯз, дар пойтахти Тоҷикистон барои қабули сайёҳон низ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари ин, барои ҷалби сайёҳон ба ғайр аз меҳмонхонаҳои панҷситорадор, сохтмони меҳмонхонаҳои сатҳи миёна ё ҳостелҳо дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ муҳим мебошад. Яъне, хидматрасонии нисбатан арзон барои сайёҳон бештар дастрас мегардад. Махсусан, дар минтақаҳои сайёҳӣ ва ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон меҳмохонаҳое бунёд шаванд, ки сайёҳон имкон пайдо кунанд бо нархи 20-30 доллар дар он ҷо ҷой гиранд. Зеро бештари сайёҳон баҳри тамошои табиати Тоҷикистон меоянд. Мехоҳанд, ки мардумро аз наздик бинанд, бо расму оин, фарҳанги меҳмондорӣ ва хӯрокҳои миллӣ ошноӣ пайдо кунанд. Дар маҷмӯъ, чизи навро дидан мехоҳанд. Бар замми ин, нархи билети ҳавопаймо бояд барояшон дастрас бошад.
Мақомоти соҳавӣ ва ширкатҳои сайёҳии моро зарур аст, ки бозори сайёҳиро дар муқоиса бо кишварҳои дигар, ба мисли Туркия ва Миср, инчунин давлатҳои Иттиҳоди Аврупо омӯзанд ва дар фаъолияташон татбиқ намоянд. Масалан, ҳоло шаҳрвандони Россия бисёр сода ва бо нархҳои дастрас ба Туркия, Миср ва дигар кишварҳо ба саёҳат мераванд.
Ба ғайр аз ин, мо бояд иқтидору имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар муаррифӣ карда тавонем. Ба наздикӣ мо дар шаҳри Москва форуми сайёҳӣ доир кардем. Дар он беш аз 60 ширкати сайёҳӣ аз Россия ва 10 ширкату муассисаи соҳавӣ аз Тоҷикистон иштирок карданд.
— Барои ҷалби сайёҳон на ҳама он чӣ гуфтед, кифоят мекунад. Ӯзбекистон имрӯз қариб ба 110 кишвари дунё низоми бе раводидро аз як то се моҳ ҷорӣ кардааст. Дар мо баръакс, кишварҳоеро, ки бо онҳо низоми бе раводид дорем, аз шумораи ангуштонамон камтар аст. Магар ин монеи рушди туризм дар Тоҷикистон намешавад?
— Баъзеҳо далел меоранд, ки бояд аз ҳар ду тараф раводид барҳам дода шавад. Албатта, ҷониби дигар ба ин розӣ намешаванд. Онҳо мушкил дар ҷалби сайёҳиро надоранд.
Масалан, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё мушкилот вуҷуд надорад. Ҳама медонанд ва мехоҳанд, ки ба чунин кишварҳо ба саёҳат раванд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар он кишварҳо дар ибтидо маблағҳои ниҳоят зиёд дар фаъолияташон сарф намуданд, ки имрӯз ба ширкатҳои муваффақи сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Ҳоло кишварҳое, ки нав ба Иттиҳоди Аврупо шомил шудаанд, аз ҷумла Хорватия ва Словения, шароити беҳтарро барои сайёҳон муҳайё месозанд. Маблағҳои зиёд дар тарғибу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма сарф мекунанд. Ҳамзамон, тибқи мушоҳидаҳо, бисёриҳо ба Аврупо на ҳамеша баҳри истироҳат, балки барои кор, муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Зимнан, он кишварҳо раводидро барои он ҷорӣ мекунанд, ки ба ин восита худро ҳимоят кунанд. Бинобар ин, мо ниёз ба сайёҳи бештар аз кишварҳои дигар дорем. Дар самти бознигарии низоми раводид таҷрибаи дигар кишварҳо низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон кардани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин се соли минбаъда — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бисёр бамаврид буда, дар рушди минбаъдаи соҳа ҳатман нақши муассир хоҳад гузошт.
-Ба андешаи шумо мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо бо роҳбарони диаспораҳое, ки ба ҳамон минтақа тааллуқ доранд, чӣ натиҷа медиҳад? Умуман, диаспораҳо аз рӯйи кадом принсипҳо ташкил мешаванд?
— Қобил ба тазаккур аст, ки мо танҳо дар замони соҳибистиқлол шудан таҷрибаи ташкили диаспораҳоро шурӯъ кардем. Ин таҷрибаро арманиҳо ва озарбойҷониҳо чандин солҳо пеш роҳандозӣ карданд.
Мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳои кӯшиши таъсиси диаспораҳо аз рӯи маҳал, яъне шаҳру ноҳия. Аммо, ин оҳиста-оҳиста ин аз байн меравад ва вежагиҳои миллиро ба худ касб мекунад, ки барои ин вақт лозим аст. 80-90 роҳбарони ҷамъиятҳое, ки номнавис шудаанд, аҳолии минтақаҳои худашонро роҳбарӣ мекунанд. Россия калон аст ва тоҷикон дар тамоми қаламрави он кору зиндагӣ мекунанд. Албатта, сафорат баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон пайваста саъю талош мекунад, аммо дар бораи ҳама маълумот гирифта наметавонад.
Агар аз рӯи имконият раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади мулоқот бо сокинони маҳали худ ба Москва ва дигар шаҳрҳои Россия биёянд, мо омодаем, ки дар ташкили мулоқотҳои онҳо мусоидат намоем. Ин бо мақсади муттаҳидии мардум ва ҳам ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандон ба манфиат хоҳад буд.
-Ин гуна суҳбат ва мулоқотҳо чӣ самар медиҳад?
-Якум, маълумоти мушаххас пайдо мекунем, ки теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар ҳастанду ба чӣ кор машғуланд ва чӣ мушкилот доранд. Дуюм, робитаи ҷонибҳо барқарор мешавад. Мушкилоти оилавӣ ҳал мешавад. Масалан, нафароне ҳастанд, ки солҳои зиёд аз зану фарзандони худ рӯй гардонида, кумак намекунанд. Мо метавонем тариқи диаспораҳо онҳоро ба Ватан фиристем, то аз вазъи оилаи худ бохабар шаванд. Ҳамчунин, дар ин замина соҳибкорони муваффақро дар саҳмгузорӣ ба рушди минтақаи худ метавон ҷалб кард.
-Дар муқоиса ба соли аввали фаъолияти шумо ва имрӯз назар кунем, вазъи будубош, кори муҳоҷирон беҳтар шудааст? Ин чӣ гуна муяссар гашт?
-Нисбат ба соли 2014 раванди муҳоҷират ба танзим даромад. Дар ин ҷо нақши тамоми сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дида мешавад. Ҳоло қонунигардонӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик беҳтар шудааст. Қаблан муҳоҷирон ҳуҷҷат надоштанд. Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии роҳбарони идораҳои дахлдор масъалаи ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон ҳал шуд. Ҳатто қисме аз мардум бе шиноснома буданд, ҳамаи ин масъалаҳо ба танзим дароварда шуд. Ҳоло намояндагони сафорат ба минтақаҳои Россия сафар карда, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин мекунанд. Имрӯз аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ дар қаламрави Россия кору зиндагӣ доранд. Ҳоло мушкилоти муҳоҷирон дар ин самт камтар шудааст. Ду консулгарии генералӣ, яке дар Санкт — Петербург ва дигаре дар Новосибирск ифтитоҳ ёфт. Яъне, айни замон дар маҷмӯъ 5 консулгарии Тоҷикистон дар Россия фаъолият доранд, ки мушкилоти муҳоҷиронро ҳал мекунанд. Инчунин, дар ин давра беш аз 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз рӯйхати мамнуъшудагон бароварда шуда, бозгашти дубораи онҳо ба қаламрави Россия имконпазир гардид. Чанд мушкилоти дигари муҳоҷирон ҳанӯз боқӣ мондааст, ки мо саъй мекунем мунтазам ҳал карда шаванд.
— Дар Россия созмону афроде ҳастанд, ки худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон муаррифӣ мекунанд. Онҳо барои рафъи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик кадом корҳоро ба анҷом мерасонанд?
— Шояд як ё ду ташкилоте дар Русия бошад, ки коре ба нафъи муҳоҷирон кунад. Аммо боқимондаи онҳо ба худтаърифкунӣ ва ҷамъоварии маблағ (грантҳо ва ғайра) машғуланд. Кори ночизи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мекунанд. Онҳо эътироф кардан намехоҳанд, ки имрӯз вазъ хуб аст. Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки барои муҳоҷирони мо, аз ҷумла шиносномаи биометрӣ, ҳуҷҷати ронандагӣ лозим аст, иваз мекунем. Телефони навбатдори сафорат 24 соат фаъол аст, ғайр аз ин дар давоми рӯз дигар масъулони намояндагии дипломатӣ ба шаҳрвандон машварату маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Муроҷиат шуд, сари вақт ҳал мекунем.
Аз тарафи дигар, муҳоҷирон қонунгузории кишвари иқоматро бояд риоя кунанд. Набояд ба иззати нафси якдигар расем. Эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо овардан лозим аст. Борҳо нисбат ба тоҷикон шахсони воломақоми Россия боэҳтиром ҳарф задаанд. Обрӯи тоҷикон дар Россия бисёр баланд аст. Меҳнати онҳоро қадр мекунанд.
-Чандин сол аст, ки атрофи нафақаи муҳоҷирони тоҷик баҳс идома дорад. Ҳайати Тоҷикистон чандин маротиба ба Москва сафар доштанд, аммо масъала ҳанӯз норавшан аст. Тақдири нафақаи муҳоҷирон чӣ мешавад ва барои ин чӣ бояд кард?
-Ин масъалаи мураккаб аст. То ҳол Россия бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар масъалаи танзими нафақаи муҳоҷирон созишнома набастааст. Айни замон, ин масъала бо дастури ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия мавриди омӯзиши мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб қарор дорад.
Аслан, масъалаи ҳалталаб, ин дар мавсимӣ будани фаъолияти муҳоҷирон аст. Онҳо дар асоси патент кор мекунанд ва пас аз як муддати муайян мераванд, яъне, бидуни шартнома кор мекунанд. Умед дорем, ки дар ин ҷода ҷонибҳо ба хулосаи аниқ ва роҳи ҳалли мутақобилан судманд мерасанд.
-Ба андешаи шумо, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия аз рӯи кадом самтҳо бояд сурат гирад?
-Аз ҳама самти афзалиятнок барои Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама, рушди муносибатҳои иқтисодӣ аст. Зеро Тоҷикистон Русияро яке аз шарикони стратегии худ эътироф кардааст, сол аз сол ҳаҷми гардиши тиҷорат байни ду кишвар боло меравад. Барои мо Русия на танҳо ҳамчун ба бозори муҳоҷирати меҳнатӣ, балки ҳамчун бозор барои содироти маҳсулот табдил ёбад. Бозоре бошад, ки бо истифода аз ашёи хом иқтисодиёти кишварро рушд бахшем. Шароит барои ҷалби сармоя, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил вуҷуд орад, танҳо содирот ва ба бозори Русия роҳ ёфт.
Дар саноатикунонии Тоҷикистон низ Русия метавонад нақш гузорад, зеро ин ҷо ба забони русӣ ҳама балад ҳастанд. Инфрасохтор, роҳу нақлиёт барои мо мувофиқ аст. Яке аз бахшҳои муҳим барои Тоҷикистон энергетика аст. Русия метавонад дар сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи Тоҷикистон саҳм гузорад. Зеро борҳо дар ин масъала шахсони воломақоми ин кишвар ҳавасмандии худро баён доштаанд. Имрӯз мо ҳамагӣ 20 миллиард кВт. соат нерӯи барқро истифода мебарем, ҳол он ки потенсиал 570 миллиард кВт соат аст.
Байни ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм, амният ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз аст, аммо мо бояд ин сиёсатро нигоҳ дорем, тақвият бахшем.
Дар бахшҳои илму фарҳанг ҳам ҳамкорӣ бо Русия самараи хуб медиҳад. Мо бояд аз потенсиали Русия дар риштаи илм, маориф, фарҳанг хуб истифода кунем. Имрӯз дар муассисаҳои олии Тоҷикистон наздики 27 ҳазор донишҷӯ ва беш 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд. Оянда онҳо мутахассис мешаванд, барои ду кишвар хизмат мекунанд. Бинобар ин, ояндаи Тоҷикистонро бе илм, технологияи ҷадид тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин самт Россия таҷрибаи бой дорад, Тоҷикистонро метавонад дастгирӣ кунад.
PS: Моҳи апрели соли равон сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сурат мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ