латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Мушҳои баинсоф

Пирамарде ҳангоми ба деҳа рафтанаш як халта мавизи худро дар хонаи ҳамсоя, ки он ҷо чор нафар донишҷӯдухтар мезистанд, амонат мемонад. Донишҷӯён ҳар бегоҳ аз мавиз кам-кам мехӯранду дар таги халта каме мавиз боқӣ мемонад. Баъди як моҳ пирамард омада халтаи мавизашро суроғ мекунад. Духтарон халтаро бароварда, мегӯянд:

— Бобоҷон, узри зиёд, хонаи мо муш пайдо кардааст.

Мӯйсафед даҳони халтаро кушода, мегӯяд:

— Хайрият мушҳои баинсоф будаанд, камакак мавиз мондаанд…

Имконият

Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:

— Чаро даст ба дуздӣ задӣ?

Мард мегӯяд:

— Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ!” афтод.

Забони дигар

Писарчаи 5-сола ба гапзаниҳои додарчаи 2-солааш диққат дода, мегӯяд:

— Оча, ҳамин додарам дар беморхона иваз нашуда бошад?

Модар мепурсад:

— Барои чӣ?

Писарча дар ҷавоб:

— Ба фикрам тоҷик нест, ба кадом як забони дигар гап мезанад.

Васият

Мӯйсафеде баъди садама дар дами марг ба завҷааш васият мекунад:

— Занакҷон, зиёд ғам махӯр, боз ба шавҳар мебароӣ, ҳамааш хуб мешавад…

Пиразан мегӯяд:

— Эҳ мардак, мани кампирро дигар кӣ мегирад? Агар ҳамин садамаи фалокат ақаллан 20 сол қабл рух медод, шанс доштам.

Санг

Марде ҳамроҳи писараш ба сари қабри хушдоманаш мераванд. Писарак мепурсад:

— Дада, барои чӣ дар қабри бибиям ин қадар санги калон гузошта шудааст?

Падар дар ҷавоб:

— Барои он ки ба берун баромада натавонад, бачем.

Ҷабрдида

Дар толори суд аз ҷабрдида мепурсанд:

— Ҷабрдида, шумо ҳамин нафарро, ки мошинатонро дуздидааст, шинохтед?

Ҷабрдида дар ҷавоб:

— Рафиқ судя, баъд аз суханронии адвокати ин кас ман бо дилпурӣ гуфта наметавонам, ки мошин доштам ё не.

Конфет

Марде ба мағоза даромада, ба фурӯшанда мегӯяд:

— Духтарак, ба ман як қуттӣ конфети нағз диҳед, вале қиммат набошад.

Фурӯшанда мепурсад:

— Шумо барои дӯстдоштаатон мехаред?

Мард мегӯяд:

— Не, барои духтур.

Фурӯшанда ин дафъа мегӯяд:

— Барои миннатдорӣ ё барои ниқор?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *