Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Оббозӣ

Зане ба шавҳараш паёмак менависад:

— Мардак, писарамонро аз кӯча ба хона оварда, оббозӣ дорону хӯрок дода, хобон.

Шавҳар дар ҷавоб менависад:

— Занак, чор кӯдакро оварда шустам, ҳанӯз бачаи худамонро наёфтаам.

Хостгорӣ

Марде ба хостгорӣ меравад. Соҳиби хона се духтар дорад, ки якеаш 18 сол, дигараш 25 сол ва сеюмаш 32 сол доранд. Мард мегӯяд:

— Агар духтари якумамро гирӣ, ба ту 18000 сомонӣ медиҳам, агар духтари дуюмамро гирӣ, 25000 сомонӣ ва агар сеюмашро гирӣ, 32000 сомонӣ медиҳам.

Мард ин гапро шунида, аз ҷояш хеставу мегӯяд:

— Ако, ягон духтари 40 ё 45-сола надоред?

Ҷонвар

Ҷавоне аз деҳа ба тамошои шаҳр меояд. Дар шаҳр вай ба троллейбус мешинад, вале аз сахт рафтанаш тарсида, дар истгоҳ мефарояд ва назараш ба шохҳои троллейбус афтода, худ ба худ мегӯяд:

— Ваҳ, ин ҷонварро бастаанду боз ин қадар сахт меравад, агар шохашро канда гиранд, мепаридагист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *