Аз таҳти дил бихандед!
Азоб
Модар ба духтараш мегӯяд:
— Зумрадҷон, зани Толиб нашав, бубин, кӯзапушт, айнакӣ, як пояш мелангад…
Зумрад дар ҷавоб:
— Очаҷон, ба ман ҷавони зебо даркор нест!
Модар мегӯяд:
— Ман дигар чизро дар назар дорам… Бачаи бечораро азоби худаш дар зиндагӣ бас буд…
“Агар мн нагум, мекафум”
Дар яке аз боғҳои маданият як мард бо зане гаштугузор дошт. Баногаҳ як зани ҳамсояаш ин мардро бо маъшуқааш мебинад. Мард дар хиҷолат шуда, аз бозор ду халта меваҷоти беҳтаринро харид мекунад. Болои ин боз 300 сомонии дигар ба зани ҳамсоя дода, хоҳиш мекунад, ки ба занаш хабар нарасонад.
Субҳи барвақт, соати 6-и саҳар дарвозааш тақ-тақ мешавад. Мард рафта, дарвозаро мекушояду зани ҳамсояро мебинад, ки ҳар ду халта дар дасташ. Зани ҳамсоя мегӯяд:
— Ака, мана меваҷоту 300 суми додаатонро гиред, хафа нашавед, агар мн нагум, мекафум.
Саволи омӯзгор
Муаллима аз Мурод мепурсад:
— Мурод, ту калон шавӣ, чӣ мешавӣ?
Мурод мегӯяд:
— Вақте калон шавам, тоҷир мешавам. Зан гирифта, барояш бриллианту пӯстини қимматбаҳо тақдим карда, ба тарабхонаҳо мебараму ба ӯ “Феррари”-и тамғаи охиринро туҳфа мекунам.
Омӯзгор дар ҷавоб:
— Офарин, Мурод! Ба ҷоят шин. Акнун, Абдулло, ту гап зан, ки чӣ шудан мехоҳӣ?
Абдулло дар ҷавоб мегӯяд:
— Муаллима, ман пештар кайҳоннавард шудан мехостам, ҳозир бошад, зани Мурод шудан мехоҳам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ