Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Зани ноуҳдабаро

Зани Афандӣ писар таваллуд мекунад. Ҳамшираҳо муждагонӣ гирифтанӣ шуда, ба вай тариқи ммс сурати кӯдакро равон карданӣ мешаванд, вале хато карда, сурати писари як сиёҳпӯстро мефиристанд. Афандӣ бачаи сиёҳпӯстро мебинаду ба занаш смс менависад:

— Дар хонаи ман ҳамаи чизро аз дарзмолу чойник то нонҳои пухтагиат месӯзондӣ, ҳамаи ин бас набуд, ки писарамро ҳам сӯзондӣ!?

Бибӣ

Набера дар назди бибияш мегӯяд:

— Ман шавҳари зӯр мешавам. Завҷаи ман ба ягон кор даст намезанад!

Бибӣ аз шунидани суханони наберааш шод шуда, фахр мекунад, ки чунин набера дорад, вале баногаҳ набера суханашро давом дода, илова мекунад:

— Ҳама корро ту мекунӣ, бибиҷон!

Раддия

Зане шавҳарашро дар хиёнат айбдор мекунад. Мард бо раддия ба ӯ изҳори садоқат мекунад:

Аввалин ишқам ту будӣ,

Охиринаш ҳам ту бошӣ.

Ва илова мекунад:

— Илтиҷо мекунам, занак, ба мобайнаш кордор нашав!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *