латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Майхораи лаванд

Мард ба занаш мегӯяд:

— Занак, ман ин бегоҳӣ бо рафиқам пивонӯшӣ меравем.

Зан дар ҷавоб:

— Ҳа, майлаш, рафтан гир, майхора!

Мард мегӯяд:

— Чаро ман майхора будаам? Охир, ҷӯраамро дар шаш моҳ як бор мебинам?!

Зан ин дафъа мегӯяд:

— Майхораи лаванд!

Ҷасорат

Марде ба дӯсташ лоф мезанад:

— Медонӣ Камолиддин, ман вақте маст мешавам, аз касе наметарсам!

Камолиддин мепурсад:

— Магар аз Ҳанифаат низ наметарсӣ?

Мард мегӯяд:

— Не, ман то ин дараҷа ҳеҷ гоҳ маст нашудаам…

Танк

Мӯйсафеде ба БДА омада, мепурсад:

— Писарам, ман аз куҷо барои рондани танк ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта метавонам?

Дар БДА мегӯянд:

— Бобоҷон, танкро бе ҳуҷҷат ҳам ронда гаштан гиред! Шуморо касе манъ намекунад.

Обу нон

Модар ба маҳбас писарашро хабаргирӣ рафта, аз ӯ мепурсад:

— Султон, дар маҳбас чӣ мехӯрӣ?

Султон мегӯяд:

— Обу нон.

Модар мегӯяд:

— Ҳамон обу нонро дар хонаамон ҳам мехӯрдӣ, намешуд?

Хар

Корманди БДА мошинеро, ки ронандааш зан аст, манъ мекунад. Зан тирезаро кушода, ба нозир ҳуҷҷатҳояшро дароз карда, боодобона мегӯяд:

— Рӯз ба хайр!

Ҳамин дам садои кӯдакона аз нишастгоҳи қафо баланд мешавад:

— Оча, хари гуфтагиатон дар куҷо аст?

Имконият

Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:

— Чаро даст ба дуздӣ задӣ?

Мард мегӯяд:

— Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ” афтод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *