Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тамасхур

Зану шавҳар филми даҳшатнокеро тамошо мекунанд. Баногоҳ дар экран аҷузае пайдо шуда, занро метарсонаду зан дод мезанад:

— Вой, очаҷон!

Шавҳар:

— Ҳа, очаатро шинохтӣ?

Ҳалли масъала

Писарбачае аз мактаб гирён ба хона меояд. Падараш ӯро дида, мепурсад:

— Ҳа, ба ту чӣ шуд? Кӣ туро зад?

Писарбача мегӯяд:

— Муаллими математика.

Падар:

— Барои чӣ муаллим туро мезадааст?

Писарбача:

— Муаллим гуфтанд, ки ҳалли масъаларо пайдо намоям, вале ман наёфтам.

Падар ҳайрон шуда, мепурсад:

— Мо чил сол пеш ҳар рӯз дар дарси математика ҳалли масъалаҳоро мекофтем, наход дар ҳамин қадар сол онро наёфта бошанд?

Орзу

Марде ба писараш мегӯяд:

— Ягон хоҳиш дошта бошӣ, иҷро мекунам.

Писар мегӯяд:

— Падар, зан гирифтан мехоҳам.

Падар мегӯяд:

— Ман хоҳишҳоятро гуфтам, ту бошӣ, аз орзуҳоят ҳарф мезанӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *