Аз таҳти дил бихандед!
Аблаҳ
Писарчае ба модараш мегӯяд:
— Оча, ба ман сурати падарам лозим аст.
Модар ба фарзандаш мегӯяд:
— Акси падаратро чӣ кор мекунӣ?
Кӯдак мегӯяд:
— Муаллимаамон гуфт, ки кадом аблаҳ вазифаи хонагиатро иҷро кардааст, ба ман нишон деҳ.
Ҷарроҳӣ
Марде дар мизи ҷарроҳӣ хоб аст. Духтури ҷарроҳ — домодаш ба ӯ мегӯяд:
— Ҳа падар, хафагиҳоро фаромӯш карда, шуруъ мекунем?
Домодаш дар ҷавоб мегӯяд:
— Бачем, фаромӯш накун, ки агар хушдоманат бева монад, ба хонаи шумо кӯчида меравад.
Қаҳри зан
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
— Занак, ту ба ман як сиратро фош карда метавонӣ? Чаро ман ба сарат ин қадар дод мезанаму ту бошӣ, хомӯшона таҳаммул мекунӣ?
Зан дар ҷавоб:
— Ман қаҳрамро бо тоза кардани ҳоҷатхона фурӯ менишонам.
Шавҳар ҳайрон шуда, мепурсад:
— Тоза кардани ҳоҷатхона туро ором месозад?
Зан дар ҷавоб:
— Ман ҳоҷатхонаро бо чуткаи дандоншӯии ту тоза мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ