латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дашноми арабӣ

Марде дар Арабистон пулҳои мардеро медуздад. Марди араб дуздро қапида, бо забони худаш дашномҳои болохонадор медиҳад.

Мард худ ба худ мегӯяд:

— Ман пулҳои ин мардро дуздидам, ӯ бошад, ба ман сура қироат мекунад.

Ҷанҷоли автобус бо троллейбус

Автобус троллейбусро таъна мезанад:

— Мурда-мурда, рӯз то бегоҳ барои чор тин худатро ба сим кашол карда, азоб медиҳӣ.

Троллейбус дар қаҳр шуда, ҷавоб медиҳад:

— Ман ту барин нестам, ки барои як тин зӯр зада, аз дилу ҷигарам дуд барорам.

Дӯзах

Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:

— Бо шарофати занам ман тақводор шудам.

Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:

— Чӣ тавр?

Мард дар ҷавоб:

— То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.

Моҷаро

Дар байни кӯча ду нафар бо ҳам муноқиша мекунанд. Марди якум мегӯяд:

— Гӯсфанд!

Марди дуюм дар ҷавоб:

— Худат гӯсфанд!

Роҳгузаре ҷанҷоли онҳоро шунида, мегӯяд:

— Модоме, ки ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?

Дарёи дарозтарин

Муаллима савол медиҳад:

— Султон, гуфта метавонӣ, ки кадом дарё дарозтар аст: Волга ё Миссисипи?

Султон дар ҷавоб:

— Миссисипи.

Муаллима боз мепурсад:

— Гуфта метавонӣ, ки чӣ қадар дарозтар аст?

Султон мегӯяд:

— Хайр… Миссисипи 4 ҳарф зиёдтар аст, муаллима.

Барқ

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

— Канӣ гап зан, қувваи барқ аз куҷо ҳосил мешавад?

Талаба дар ҷавоб:

— Аз ҷангал.

Омӯзгор ҳайрон шуда, мепурсад:

— Чӣ хел аз ҷангал?

Талаба мегӯяд:

— Ҳамин саҳарӣ падарам риш гирифта истода буд, ки қувваи барқро хомӯш карданд. Падарам инро дида, гуфт: “Ин маймунҳо боз барқро хомӯш карданд-ку!”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *