Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Меҳмон

Ба ноҳияе аз хориҷа меҳмон меояд. Раиси ноҳия меҳмононро ба утоқи кориаш даъват намуда, ба котибааш мегӯяд:

— Ба ин чор гӯсфанд қаҳва биёр!

Яке аз меҳмонҳо мегӯяд:

— Барои се гӯсфанд қаҳва биёрад, ман тарҷумон!

Камарбанд

Дар асрҳои миёна подшоҳе ба ҷанг меравад ва пеш аз сафар ба миёни зани худ камарбанди садоқат мепӯшонад. Дар роҳ хизматгор аз подшоҳ мепурсад:

— Шоҳам, чаро ба шоҳбону камарбанди садоқат пӯшонидед? Охир,  мисли аҷуза баднамуд аст, ягон мард ба сӯяш нигоҳ намекунад.

Подшоҳ мегӯяд:

— Худам ҳам медонам. Вақте аз ҷанг баргаштам, мегӯям, ки калиди камарбандро гум кардаам.

Чунин зиндагӣ ба кӣ даркор?

Духтар аз дӯстдоштааш мепурсад:

— Ҷон, ту маро дӯст медорӣ?

Ҷавон мегӯяд:

— Дӯст медорам.

— Сигорро ба хотири ман мепартоӣ?

— Мепартоям…

— Ба хотири ман арақро бас мекунӣ?

— Бас мекунам.

— Маошатро оварда ба ман медиҳӣ?

— Медиҳам…

— Ҷонатро барои ман медиҳӣ? — Медиҳам…, чунин зиндагӣ ба ман чӣ даркор!?,- мегӯяд мард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *