Аз таҳти дил бихандед!
Умри дароз
Зан ба сари шавҳар дод мегӯяд:
— Майхорагии ту ба дилам задааст! Ҳар рӯз маст меоӣ, ақаллан як рӯз ҳушёр мемомадӣ, ман аз хурсандӣ мурғамонро кушта, оши палов мепухтам.
Рӯзи дигар зан ба ҳавлӣ баромада, мебинад, ки шавҳари масташ мурғро бағал карда, гуфта истодааст:
— Зиқ нашав, ту умри дароз мебинӣ!
Хостгорӣ
Духтар ба дӯстдоштааш:
— Ҷонам, ман метарсам.
Ҷавон:
— Аз чӣ метарсӣ, ҷонам? Натарс!
Духтар мегӯяд:
— Мабодо ту ба хостгорӣ биёӣ, ки хонаводаи мо розӣ нашаванд…
Ҷавон мегӯяд:
— Натарс ҷонам, ман бе он ҳам рафтанӣ нестам.
Бедонаҳои зинда
Дар тарабхона марде пешхизматро даъват карда, мегӯяд:
— Гӯш кун, додар, ҳамин бедонаҳоро боз ками дигар бурда бирён кун!
Пешизмат:
— Магар хуб бирён нашудаанд?
Мард:
— Ин бедонаҳо хӯриши маро хӯрда тамом карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ