Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бадбахтӣ

Марде аз рафиқаш мепурсад:

— Даврон, чаро табъат гирифта аст?

Даврон мегӯяд:

— Дирӯз занам маро тарк намуд.

Мард мегӯяд:

— Эҳ, бародар, бадбахтӣ ба сарат омадааст ку!

Даврон дар ҷавоб:

— Бадбахтӣ аз ин зиёд намешавад, дирӯз занам рафт, имрӯз баргашта омад.

Ҳақиқат

Ҷавоне дар даруни мошини BMW ба арӯсаш мегӯяд:

— Асал, имрӯз мехоҳам гаперо, ки аз ту пинҳон карда будам, ошкор намоям.

Духтар мегӯяд:

— Майлаш, гап занед, ҷонам, гӯш мекунам.

Ҷавон мегӯяд:

— Ман зану фарзанд дорам.

Духтар бепарвоёна мегӯяд:

— Ааа фаҳмо, боз ман тарсидам, ки ҳамин мошин аз худатон нест.

“Сафина”

Марде писарашро ба мағоза равон мекунад. Писарча ба мағоза даромада, худро дар камера мебинаду дарҳол ба падараш занг зада, мегӯяд:

— Дада, “Сафина”-ро монед, маро нишон дода истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *