Аз таҳти дил бихандед!
Корманди хуб
Котиба ба яке аз кормандон занг зада, мегӯяд:
— Самир, ту дар куҷоӣ? Шеф як соат боз туро мекобад.
Самир дар ҷавоб мегӯяд:
— Ба шеф расон, ки корманди хубро ёфтан душвор аст!
Зихна
Марди зихнае пеш аз марг ба наздиконаш рӯ оварда, мегӯяд:
— Занак, дар куҷоӣ?
Занаш мегӯяд:
— Ман ин ҷоям.
Мард боз мепурсад:
— Фарзандонам, дар куҷоед?
Фарзандон бо як овоз:
— Дадаҷон, мо ин ҷоем.
Мард мегӯяд:
— Ҳамаатон дар ин ҷо бошед, чаро барқи ошхона фурӯзон аст?
Туҳфа
Ҷарроҳи ҷавонро баъди ду маротиба ҷарроҳии бебарор карданаш мудири шуъба даъват карда, мепурсад:
— Гӯш кун, Аброров, ту дипломро харидаӣ чӣ?
Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд:
— Хафа мекунед, духтур, барои чӣ дипломро мехаридаам? Онро ба ман дар зодрӯзам туҳфа карданд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ