Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Кай мурд?

Муаллими таърих аз талабае мепурсад:

— Искандари Мақдунӣ кай ва дар куҷо мурд?

Талаба мегӯяд:

— Мурд? Ба Худо муаллимҷон, ман ҳатто бемор буданашро ҳам намедонистам.

Иди гулфурӯшон

Субҳи рӯзи 1-уми сентябр. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ду бонуи миёнасол бо дидани мактаббачагон суҳбатро оғоз мекунанд. Бонуи аввала мегӯяд:

— Писари ҳамсояи ман 1-уми сентябрро чунон дӯст медорад, ки ин рӯзро беқаророна интизор мешавад.

Бонуи дуюм:

— Маълум мешавад, ки ҳамсояатон аълохон аст.

Бонуи аввала сар ҷунбонида, мегӯяд:

— Не, вай гулфурӯш аст, дар Душанбе чор нуқтаи гулфурӯшӣ дорад.

Дарди сирояткунанда

Зан:

— Азизам, аз вақте бо ту гап задаму хостаҳоямро бароят гуфтам, сардардам аз байн рафт.

Шавҳар:

— Аз байн нарафтааст, азизам, он ба ман гузаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *