Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфа
Марде ба завҷааш туҳфаи пурқиммат тақдим менамояд. Зан бо хушнудӣ аз шавҳар мепурсад:
— Мардакҷон, чӣ хел туҳфаи қимматбаҳо! Шумо ин қадар пулро аз куҷо ёфтед?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Занак, ман ҳамон ҷӯробҳоеро, ки ту бароям ҳар сол дар рӯзи 23-юми феврал туҳфа карда будӣ, ҷамъ карда фурӯхтам…
Зиракӣ
Зане дугонаашро ҳангоми харидорӣ намудани туҳфа дида, мепурсад:
— Шарифахон, шарт аст, ки ин қадар туҳфаи қимматбаҳо харидорӣ намоед?
Шарифахон мегӯяд:
— Эҳ дугона, магар ту намедонӣ, ки рӯзи 23-юми февралро чӣ гунае, ки сипарӣ намудӣ, рӯзи 8-уми мартро ҳамон гуна пешвоз мегирӣ?
Орзу
Марде моҳии тилло қапида, аз ӯ хоҳиш мекунад:
— Коре кун, ки ҳар рӯз иди мардон, яъне 23-юми феврал бошад.
Моҳича дар посух мегӯяд:
— Дер кардӣ, занат аллакай орзу намуд, ки ҳар рӯз 8-уми март бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ