латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пазироӣ

Дар толори бошукуҳе консерт идома дошт. Ҳофизтароше баъди сароидани суруд хост аз саҳна поён ояд. Ҳамин вақт аз толор садои «Боз шавад! Боз!» баланд гардид. Ҳофиз аз ин пазироӣ ба ваҷд омада, боз чанд сурудеро хонда, хост паси саҳна гузарад.

— Боз хонед, боз!,- гуфтанд аҳли толор.

Ҳофиз торашро ҷӯр карда, пайиҳам боз чанд сурудро замзама карду майли аз саҳна рафтан кард.

— Не, боз хонед, боз!,- мегуфтанд ҳозирон.

— Аз лутфу пазироиятон беҳад шодам,- рӯ овард ҳофиз ба аҳли толор.-Хаста шудам, дигар хонда наметавонам.

— Хон, то сурудхониро ёд гирифтанат аз саҳна ба ҳеҷ куҷо намеравӣ!,-дод заданд аҳли толор.

Маош

Зулайхо аз модараш пурсид:

— Модарҷон, чаро замин меҷунбаду осмон не?

Модараш гуфт:

— Ҳар вақте ки дадот маош мегирад, осмон аз замин ҳам сахттар меҷунбад.

Бемор

Табиб беморро аз назар гузаронида, баъдан шавҳари ӯро ба гӯшае хонда, бо ишора ба бемории занаш бо изҳори таассуф оҳиста ба гӯшаш гуфт:

— Бемор ба ман чандон маъқул не.

Шавҳар гуфт:

— Ба ман ҳам маъқул не. Росташро гӯям, аз рӯзи аввали заношӯиямон.

Хушдоман

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Одаму одамгариро фаромӯш кардед вақтҳои охир. Хушдоманатон аз ҳамин қадар роҳи дур меҳмон шуда омаданду шумо бошед, ақаллан ягон ҷо тамошо ҳам набурдед он касро.

— Занак,- мегӯяд шавҳар дар ҷавоб,- ин кори бефоида. Ба куҷое набарам, роҳро медонад, боз гашта хона меояд.

Асри 22

Миёнаи асри 22. Дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр мошин пайи мошин беохир равона ҳастанду ду роҳгузар ғамгин истодаанд.

— Шумо чӣ тавр аз он тарафи роҳ ба ин тараф гузашта тавонистед?,-мепурсад якеаш.

— Ман дар ҳамин роҳ таваллуд шудаам,- ҷавоб медиҳад дуюмӣ.

Аскар

Афсар аз аскари қаторӣ сабаби ба хизмат омаданашро мепурсад. Аскар дар ҷавоб:

— Аввалаш, ватанамро ҳифз кардан мехоҳам.

— Дуруст.

— Дуюмаш, хизмат мардро бақувват мекунад.

— Бале!

— Сеюмаш, хоҳиши маро напурсида, ба инҷо оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *