Аз таҳти дил бихандед!
Имтиҳон
Духтари зебое аз имтиҳон хурсанд баромада, ба ҳамсабақонаш мегӯяд:
— Натарсед, муаллим саволҳои душвор намедиҳад!
Ҳамкурсонаш ҳайрон шуда, мепурсанд:
— Ба ту чӣ савол дод?
— Рақами телефонамро пурсид, дуруст ҷавоб додам, баҳои 5 монд!
Масъала
Падар бо кӯдакаш вазифаи хонагӣ тайёр мекунад. Аз духтарча мепурсад:
— Рӯзи якум 5 истакон қулфинайро хӯрданду рӯзи дуюм 2 истакон камтар, рӯзи сеюм бошад, ба андозаи рӯзи якуму дуюм. Дар давоми се рӯз ҳамагӣ чӣ қадар қулфинай хӯрданд?
Духтарча масъаларо ҳал карда истода, зери лаб ғур-ғур мекунад.
Падар мепурсад:
— Чаро ғур-ғур мекунӣ?
Духтарак мегӯяд:
— Яку якбора ҳамон қулфинайро мехӯрданд, се рӯз кашол додан чӣ лозим буд?
Кокул
Марде духтарчаашро ба назди духтур мебарад:
— Духтур, намедонам духтарчаамон ба кадом беморӣ гирифтор шудааст, ки доимо даҳонаш то гӯшҳояш кушода аст.
Духтур баъди муоинаи духтарча:
— Кокулчаҳояшро сусттар бандед, ҳамааш хуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ