Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хабари хуш

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Мардак, ман ду хабар дорам, якеаш хушу дигараш нохуш. Аз кадомаш сар кунам?

Шавҳар мегӯяд:

— Аз бадаш сар кун.

Зан мегӯяд:

— Ман BMW-и шуморо зада, маҷақ кардам.

Шавҳар оҳ кашида, мепурсад:

— Хабари хушат чист?

Зан дар ҷавоб:

— Дигар такрор намешавад.

Масхарабозон

Марде духтари ҳафтсолаашро ба ҷои кораш мебарад. Духтарча хеле ба гирду атроф назар дӯхта, чизеро мекобад ва табъаш хира шуда, баногаҳ ба гиря медарояд. Тамоми кормандон ба духтарча таваҷҷуҳ намуда, сабаби гиря карданашро пурсон мешаванд.

Падар дар ҳузури ҳама мепурсад:

— Духтарам, чаро гиря мекунӣ? Ба ту чӣ шуд?

Духтарча дар ҷавоб мегӯяд:

— Канӣ, ҳамаи он масхарабозоне, ки ту ҳамроҳашон кор мекунӣ?

Харгӯшак

Писарбачае аз модараш мепурсад:

— Оча, харгӯш гап мезанад?

— Не, бачаҷон. Харгӯш фақат дар филми тасвирӣ гап мезанад.

Писарча мегӯяд:

— Не, очаҷон. Падарам дишаб бо телефон «Харгӯшаки ман, назди хона биё, бинамат» гуфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *