Аз таҳти дил бихандед!
Хонаи дӯст
Маркаби марде зуд-зуд ба хонаи ҳамсоя мерафт. Ҳамсоя ба қаҳр омада, мегӯяд:
— Ҳамсоя, агар ҳамин дафъа хари шумо ба полизи ман дарояд, ба милиса шикоят мекунам!
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Э ҳамсояҷон, ман ба ин хари беақл шабу рӯз мефаҳмонам, ки “Бар хонаи дӯсти худ бисёр марав, ҳарчанд ки азизӣ, оқибат хор шавӣ”, вале ин ҷонвар намефаҳмад.
Баҳс
— Ман ҳама чизро медонам!,- гуфт Википедия.
— Аз ман ҳама чизро ёфтан мумкин аст!,- лоф зад Googl.
— Ман дар дунё аз ҳама асосӣ ҳастам!,- иброз намуд Интернет.
— Ҳой, ҳой…,- огоҳ кард барқ.
Мавзӯи мардона
Як гурӯҳ ҷавонон байни худ дар бораи духтарон гап мезананд. Якеаш мегӯяд:
— Э биё мон ҳамин духтаронро, беҳтараш дар бораи кайҳон ва сайёраҳои дигар гап мезанем.
Баъд аз хомӯшии тӯлонӣ яке аз ҷавонон мегӯяд:
— Аҷиб, дар кайҳону сайёраи дигар духтарон вуҷуд дошта бошанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ