Аз таҳти дил бихандед!
Мошинча
Зан дуҷон буд. Шавҳраш ҳазломез гуфт:
— Хайр, завҷаи муҳтарам, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед?
Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ба модараш илтиҷо карда, гуфт:
— Модарҷон, ин дафъа мошинча таваллуд кунед.
Посухи падар
Омӯзгор дар рӯзномаи толиба менависад:
— Духтари шумо беҳад бисёр гап мезанад.
Рӯзи дигар духтарча рӯзномаашро оварда, ба муаллим медиҳад, ки дар он падараш чунин посух навиштааст:
— Шумо ҳоло очаашро надидаед!
Меҳмони хира
Марде маҷбуран дар хонадоне чанд рӯз меҳмон мешавад. Баъди ба хонааш баргаштан, ба як дӯсташ нақл мекунад:
— Дар фалон деҳа мардумаш чунон саховатманданд, ки ҳангоми чойрезӣ пиёларо пур мекунанд.
Дӯсташ дар ҷавоб мегӯяд:
— Ҳой содда, пиёлаи туро барои он пури чой мекарданд, ки ту ба он шакар андохта натавонӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ