Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Фоли бад

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Ана намак чаппа шуд, ин фоли бад аст, акнун ҷанг мешавем.

Шавҳар мегӯяд:

— Шояд ҷанг намешавем?

Зан мегӯяд:

— Не, ман аллакай барои ҷангкунӣ тайёр шудам!

Аблаҳ

Ҳангоми дарс муаллим ба толибилмон савол медиҳад:

— Кадоме аз шумо худро аблаҳ мешуморад, аз ҷояш хезад!

Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад. Ин дам Собирҷон аз ҷояш мехезад. Омӯзгор аз ӯ мепурсад:

— Ту худатро аблаҳ мешуморӣ?

Собирҷон дар ҷавоб мегӯяд:

— Не, дар ҳоле, ки шумо худатон танҳо рост истодаед, худро ноҳинҷор ҳис кардам…

Маош

Марде аз занаш мепурсад:

— Сурайё, мо пул дорем?

Зан мегӯяд:

— Не, надорем.

Шавҳар бо ҳайрат:

— Чӣ хел пул надорем? Охир, дирӯз ман ба ту маошамро оварда додам ку.

Зан дар ҷавоб мегӯяд:

— Ман пул дорам, вале мо пул надорем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *