латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тухм

Зан аз шавҳараш мепурсад:

— Мардак, ин мурғҳои ҳамсоя дигар ба ҳавлиямон наомада истодаанд-ку!?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Сабабашро донистан мехоҳӣ? Ман шабона дар даруни полезамон бист дона тухмро гузошта, саҳарӣ дар назди чашми ҳамсояҳо ҳамаашро ҷамъ кардам!

Эҳтиёт

Ронандаи таксӣ мошинро сахт ронда, ҳатто чароғаки сурхро мегузарад… Зани мусофире, ки дар дохили он менишаст, мегӯяд:

— Ронанда, мошинро боэҳтиёт ронед, ман дар хона ҳашт фарзанд дорам!

Ронанда бо чашмони пур аз ҳайрат мегӯяд:

— Шумо ба ман дар бораи эҳтиёт гап мезанед?

Аллергия

Маризе назди табиб омада, мегӯяд:

— Духтур, худро хеле бад ҳис мекунам.

Духтур як дона мехчаро дода, мефармояд:

— Ана, ин мехро фурӯ баред. Ягон чӣ ҳис мекунед?

Мариз баъди фурӯ бурдани мехча:

— Аҳволам бадтар шуд.

Табиб мегӯяд:

— Ҳамааш равшан шуд, шумо аз мехча аллергия доред!

Аэродром

Дар гардани муаллима занҷира ва дар он овезае дар шакли тайёрачаи хурд аст. Салмон тамоми дарс чашм аз овеза намеканад. Муаллима тоқат накарда, мепурсад:

— Салмон, ба фикрам тайёрача ба ту сахт писанд афтод-а?

Салмон мегӯяд:

— Не, аэродромаш!

Заҳри сусттаъсир

Табиби ҷавоне дар дасти бемор финҷони қаҳваро дида, нидо мекунад:

— Шумо қаҳва менӯшед? Охир қаҳва ба шумо мисли заҳр таъсир мерасонад!

Бемор дар ҷавоб:

— Эҳтимол чунин бошад, лекин заҳри бениҳоят сусттаъсир будааст. Ман онро муддати шаст сол аст, ки менӯшам.

Аблаҳ

Ҳангоми имтиҳон профессор аз донишҷӯи бесавод мепурсад:

— Шумо медонед, ки имтиҳон чист?

— Имтиҳон — суҳбати ду нафари ботафаккур аст,- мегӯяд донишҷӯ.

— Агар яке аз онҳо аблаҳ бошад чӣ?,- мепурсад боз профессор.

Донишҷӯ оромона мегӯяд:

— Он гоҳ нафари дигар стипендия намегирад.

Фоида

Беморе аз духтур мепурсад:

— Духтур, ҳамин гиёҳҳои табобатии навиштаатон ба ягон нафар фоида расонидаанд?

Табиб мегӯяд:

— Албатта! Ман ба наздикӣ барои писарам бӯстонсаро харидаму барои духтарам хона сохта истодаам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *