Аз таҳти дил бихандед!
Пули халқ
Нозири андоз аз раиси корхонае мепурсад:
— Шумо қасри боҳашаммат, панҷ мошини «Мерседес» ва шаш хонаро дар маркази шаҳр бо пули худатон харидед?
Раис дар ҷавоб:
— Боз бо пули кӣ ҳам мехаридам?
Нозири андоз мегӯяд:
— Ба фикрам, тамоми дороии шумо бо пули халқ аст!
Раис мегӯяд:
— Шумо чиҳо мегӯед?! Халқ аз куҷо ин қадар пул дорад?
Тӯтии гумгашта
Мардеро тӯтияш гум шуд. Шитофт то пулис.
— Тӯтии ман гум шуд,- гуфт мард.
Корманди пулис дар ҷавоб:
— Пас, мо чӣ кор кунем?
Мард:
— На, на! Ҳеҷ коре накунед! Агар тӯтиям пайдо шуд, донед, ки дашномҳояш андешаи шахсии ӯянд.
Паёмак
Ҷавоне ба духтари писандидааш паёмак менависад:
— Кай туро дида метавонам, ки ҳамроҳ сайругашт кунем?
Духтар дар ҷавоб мегӯяд:
— Ман дӯстдошта дорам.
Ҷавон менависад:
— Ту чунон зебоӣ, ки сазовори ду дӯстдошта ҳастӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ