Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Марг

Бемор аз духтур мепурсад:

— Духтур, ман мемирам?

Духтур дар ҷавоб мегӯяд:

— Шумо чиҳо мегӯед? Моро барои марги шумо чунон ҷанг мекунанд, ки…

Маънии ҳаёт

Зане ба дугонааш мегӯяд:

— Муддати ним сол аст, ки аз ҳолати руҳафтодагиву яъсу ноумедӣ берун шуда наметавонам. Маънии ҳаётро дарк намекунам.

Дугонааш мегӯяд:

— Ба назди равоншинос рафта, ҳамаашро нақл кун.

Зан мегӯяд:

— Рафта, ҳамаашро нақл карда будам.

Дугонааш:

— Чӣ шуд?

Зан мегӯяд:

— Акнун равоншинос ҳам ҳеҷ маънии ҳаётро дарк карда наметавонад.

Падару писар

Писаре падари пиронсоли худро бурда, ба хонаи пиронсолон месупорад. Писари панҷсолаи мард мепурсад:

— Дада, нишонии хонаи пиронсолонро ба ман дода метавонед?

Падар мегӯяд:

— Ту ба назди бобоят хабаргирӣ рафтан мехоҳӣ?

Писарбача мегӯяд:

— Ман донистан мехоҳам, ки замони пир шуданат туро ба куҷо бурданам лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *