Аз таҳти дил бихандед!
Имтиҳон
Пеш аз имтиҳон падар ба писараш мегӯяд:
— Агар имсол ҳам аз имтиҳонҳо нагузарӣ, маро «падарам» нагӯ!
Баъди имтиҳонҳо падар бо дидани писараш:
— Ҳа… бачам, имтиҳонҳо чӣ шуд?
Писар дар ҷавоб:
— Мебахшед, шумо кӣ? Нашинохта истодаам.
Хориш
Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:
— Духтур, тамоми баданам хориш дорад.
Табиб мегӯяд:
— Шумо оббозӣ мекунед?
Мард мегӯяд:
— Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.
Маймун
Талаба аз муаллим суол мекунад:
— Устод, бобои ман мегӯяд, ки мо аз маймун пайдо шудаем, магар ин рост аст?
Муаллим мегӯяд:
— Мо ба корҳои оилавии шумо дахолат намекунем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ