Аз таҳти дил бихандед!

Меҳрубонӣ

Марде ба дӯсташ шиква мекунад:

— Бе зан наметавонам, мефаҳмӣ! Меҳрубониву ғамхорӣ мехоҳам…

Дӯсташ мегӯяд:

— Зан ёб, охир!

Мард дар ҷавоб:

— Занамро куҷо мекунам?

Ламс

Аз марде мепурсанд:

— Ту ба муҳаббат аз нигоҳи аввал бовар дорӣ?

Мард дар ҷавоб:

— Дар синну соли ман бо як дидан хулоса кардан нодуруст аст. Ман бояд бо даст ламс кунам…

Дубай

Мард ба дӯсташ мегӯяд:

— Беҳтарин лаҳзаҳои умрам марбут ба сафари Дубай аст.

Дӯсташ дар ҷавоб:

— Баҳ баҳ, Дубай рафтӣ?

Мард мегӯяд:

— Не, порина занам рафта буд.

Шанс

Омӯзгор ба талабаҳо мегӯяд:

— Нафароне, ки баҳои 5 ва 4 мегиранд, ба биҳишт мераванду касе баҳои 3 ва 2 мегирад, ба дӯзах меафтад.

Талабае аз партаи қафо мегӯяд:

— Муаллим, шанси мактабро зиндаву саломат хатм намудан вуҷуд дорад-мӣ?

Қаҳрамонӣ

Зан аз шавҳар мепурсад:

— Дадеш, шумо ҳам ягон қаҳрамонӣ карда метавонед?

Мард дар ҷавоб:

— Бо ту зиндагӣ кардан худаш қаҳрамонист.

Миёнарав

Пиразане ба наберааш дуо медиҳад:

— Худо ба ту як шавҳари бою бадавлат диҳад!

Набера дар ҷавоб:

— Бибиҷон, дуо кунед, ки худам бой шавам…

Пиразан мегӯяд:

— О шавҳарат бой бошад, аз ҳисобаш хӯрда мегардӣ-дия.

Набера мегӯяд:

— Не, бибиҷон, миёни ману пул миёнарав даркор нест!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *