Аз таҳти дил бихандед!
Посух
Духтарчаи 4-солае дар таксӣ бо лаззати зиёд қанд мехӯрад. Марди ҳамсафар ба ӯ нигариста, мегӯяд:
— Магар намедонӣ, ки қанд ба саломатӣ зарар дорад?
Духтарак ба мард нигариста, мегӯяд:
— Бобоям, Худо раҳматаш кунад, 115 сол умр дида буд!
Мард бо тааҷҷуб мепурсад:
— Бо сабаби қанд хӯрдан?
Духтарак мегӯяд:
— Не, бобоям ҳамеша бо кори худаш банд буду ба дигарон коре надошт!
Раддия
Зане шавҳарашро дар хиёнат айбдор мекунад. Мард бо раддия ба ӯ изҳори садоқат мекунад:
— Аввалин ишқам ту будӣ,
Охиринаш ҳам ту бошӣ.
Ва илова мекунад:
— Илтиҷо мекунам, занак, ба мобайнаш кордор нашав!
Одат
Тифле дар дохили мошин гиря мекунад. Модараш ба ронанда мегӯяд:
— Ягон гап гуфта, ӯро тарсонед, ки хап кунад.
Ронанда ба тифл мегӯяд:
— Хап кун, вагарна очаатро мебӯсам!
Зан дар ҷавоб мегӯяд:
— Ин писари ман як одат дорад, то бо чашм набинад, бовар намекунад.
Қасос
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Ман бо ту ба ҳеҷ куҷо намеравам!
Шавҳар ҳайрон шуда:
— Ин тавр бошад, барои чӣ либоси наватро пӯшида, худро орову торо додаӣ?
Зан мегӯяд:
— Барои он ки ту бубинӣ, ки чунин зебосанам ҳамроҳат ба ҳеҷ куҷо рафтан нахост.
Шиква
Зане ба дугонааш арзи дил мекунад:
— Фотима, тасаввур мекунӣ, ман аксамро ба маҳфили “Нафарони танҳо” фиристодам.
Фотима мегӯяд:
— Хайр, чӣ ҷавоб доданд?
Зан мегӯяд:
— Аз маҳфил аксамро бозпас гардонида, гуфтанд, ки онҳо то ба ин андоза танҳо нестанд.
Маслиҳат
Ҷавоне дар ҳолати мастӣ кӯшиши ба бинои истиқоматӣ ворид шуданро мекунад, вале бо душворӣ як қадам ба пеш мегузораду се қадам ба қафо. Пиразане дурудароз ҳолати ӯро назора намуда, мегӯяд:
— Писарам, ту беҳтараш ақибонакӣ рав, зудтар ба хонаат мерасӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ