Аз таҳти дил бихандед!
Қудрати дониш
Аз суҳбати бемор бо табиб:
— Духтурҷон, тибқи хулосаи шумо ман бояд 10 сол пеш мемурдам. Чӣ тавре мебинед, зиндаву саломатам, инро чӣ хел шарҳ медиҳед?
— Медонед, дӯстам, вақте инсон барои зинда мондан хира шуда пофишорӣ мекунад, дониши мо қудрати куштани ӯро надорад.
Хӯроки саг
Зану шавҳар якҷоя хӯрок мехӯранд. Мард бемазза будани таомро дида, мехоҳад табақи хӯрокашро ноаён назди саг гузорад, вале занаш инро пай бурда, мегӯяд:
— Мардак, ту чӣ авқотатро ба саг доданӣ ҳастӣ?
— Не занак, ман танҳо мехостам косаамро бо косаи авқоти сагамон иваз намоям,- киноя мезанад мард.
Санаи тамомшавӣ
Мард дар ҷевони хона тамоми ҳуҷҷатҳояшонро тагорӯ карда, чизеро мекобад. Занаш аз ӯ мепурсад:
— Мардак, чӣ кор мекунӣ?
Шавҳар дар ҷавоб:
— Шаҳодатномаи ақди никоҳамонро мехонам.
— Барои чӣ?,- ҳайрон мешавад зан.
— Санаи тамом шудани онро меҷӯям!,- мегӯяд бо қаҳр шавҳар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ