Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шиша барои се кас

Аз баҳси оилавӣ:

— Камтар нӯшӣ намешавад, шарм намедорӣ, охир?

— Зиёд нанӯшидам, занакҷон, ба Худо, як шиша барои се кас харидам.

— Пас, чаро дар поят рост намеистӣ?

— Вай ду нафар наоянд, айби ман чӣ?

Зани бегона

Марде дар бозор аз зане хоҳиш мекунад:

— Хонум, мумкин аст, ду дақиқа суҳбат мекардем?

Зан ҳайрон шуда:

— Бо ман? Тинҷист охир?

Мард забон хоида:

— Занамро гум кардам, вақте бо зани бегона гап мезанам, дарҳол пайдо мешавад.

Зукоми хук

Бемор аз духтур мепурсад:

— Рафиқ духтур, лутфан мегуфтед, ки ман гирифтори кадом навъи зуком шудаам: мурғ ё хук?

— Албатта, хук.

— Чӣ гуна инро бо як дидан муайян ва хулоса кардед?

— Агар хук намебудед, дар соати чори шаб бо ҳарорати 36,5 С ёрии таъҷилиро даъват намекардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *