Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Пушту паноҳ

Ба сари нафаре мезананд, «вой пуштам!» гуфта гиря мекунад.

— Охир, мо ба сари ту задем, чаро пуштам гуфта гиря мекунӣ?,- мепуранд аз ӯ.

— Агар пушту паноҳе медоштам, ба сари ман зада наметавонистед,- ҷавоб медиҳад ӯ.

Содда

Дар беморхона:

— Духтурҷон, ҳамин ҷарроҳии қиммат воқеан зарур аст?

— Албатта зарур, бе ин на дар Варзоб дам гирифта мешаваду на дар Сафеддара лижа ронда.

— Духтурҷон, ба ман на Варзоб даркору на лижаронӣ.

— Эй содда, гап дар бораи ту намеравад охир,- мегӯяд табиб.

Ҷумлаи саволӣ

Марде ғазаболуд якбора мушт болои миз зада, нидо мекунад:

— Кӣ зурӣ хона?

Зани бечора ҳам, ки аз афташ аз бекоргардии ӯ ҷонаш ба лаб омада буд, кафлезро баланд бардошта, дар фарқи сараш мефурорад.

Баъди ба ҳуш омадан, мард алам мекунад:

— Занак, кори хуб накардӣ, одами бегуноҳро қариб бикушӣ.

— Чӣ хел бегуноҳ, чиба худата зӯри хона мегирӣ?

— Занак, ман худама зӯр нагуфтам, агар аҳамият медодӣ, ҳамон ҷумлаи ман аломати савол надошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *