Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сер шудам

Марде гурусна ба хона омада, аз занаш мепурсад:

— Имрӯз чӣ хӯрок пухтӣ?

Зан бо қаҳр мегӯяд:

— Писарамон дар нимсола сето баҳои 2 гирифтааст, пули донишгоҳи духтарамонро супоридан лозим, бар замми ин, имрӯз ба почтаи ту аз номи зане чунин паёмак омадааст: «Кай вомехӯрем, ҷони ширин?”. Баъди ҳамаи ин ту боз хӯрок мехоҳӣ?

Мард пушти сарашро хорида:

— Раҳмат, ман аллакай сер шудам.

Сурати бевафо

Аскарбача аз духтари дӯстдоштааш мактуб мегирад. Духтар аз ӯ узр хоста, навиштааст:

— Умар, ман ҷавони дигареро дӯст доштаам, барои ҳамин акси маро баргардонед.

Ҷавон тамоми расмҳои нодаркории бонувонро аз дасти ҳамхизматонаш ҷамъ карда, ба духтари бевафо фиристода, чунин менависад: 

— Азизакам, мутаассифона, ман ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам, ки кадоме аз ин суратҳо аз ту аст. Илтимос, сурати худатро гирифта, дигарашро ба ман баргардон!

Маоши зан

Марде аз ҳамсояаш мепурсад:

— Чаро занат дина ин қадар доду вой дошт?

Ҳамсоя дар ҷавоб:

— Пули маошро ба арақ сарф кардам!

Мард ҳайрон шуда:

— Магар занат пули туро кашида мегирад? — Э не, маоши занам буд,- мегӯяд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *