Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тайёра

Мӯйсафеду кампираке ба фурудгоҳ мераванду пиракӣ аз як лётчик хоҳиш мекунад:

— Писарҷон, ману кампирам чанд сол боз зиндагӣ дорему боре ҳам парвоз накардаем. Илтимос, бачем, моро як чарх занон!

Лётчик дар ҷавоб мегӯяд:

— Майлаш, вале ба як шарт, агар дар баландӣ тарсида дод занӣ, ба ман 100 доллар медиҳӣ!

— Майлаш,- розӣ мешавад пиракӣ.

Самолёт парвоз мекунад, лочин ба хотири шартро буридан тайёраро чаппаву роста карда, парвоз мекунад, вале мӯйсафед ҳеҷ овоз намебарорад. Билохира лётчик безор шуда, тайёраро мешинонад ва бо ҳайрат ба мӯйсафед нигариста, мепурсад:

— Гӯш кун бобо, магар ягон лаҳзае набуд, ки ту худро аз дод задан базӯр нигоҳ дошта бошӣ?

— Буд.

— Кай?

— Вақте ки кампирам аз тайёра афтод…

Лаббай занак!

Субҳи содиқ… Дар мусофирбар… Оромии мутлақро садои баланди  «ак-ак»-и саг халалдор месозад, ки аз телефони мобилии яке аз мусофирон садо медиҳад. Мард гӯширо бардошта, бо оҳанги хеле форам мегӯяд:

— Лаббай, занак!

Хориш

Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:

— Духтур, тамоми баданам хориш дорад.

Табиб мегӯяд:

— Шумо оббозӣ мекунед?

Мард мегӯяд:

— Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *