Аз таҳти дил бихандед!
Кинагир
Марди кинагире моҳии тилло ба шаст меорад. Моҳӣ ба ӯ мегӯяд:
— Ман хоҳиши дилхоҳи туро иҷро мекунам, вале хотиррасон мекунам, ки ҳар он чизе талаб намоӣ, онро ба душманат ду баробар зиёдтар медиҳам.
Мард мегӯяд:
— Бигзор фишори хунам 120 ба 80 бошад.
Қабристон
Мӯйсафеде дар истгоҳ аз ҷавоне мепурсад:
— Бачаҷон, кадом автобус ба қабристон мебарад?
— Автобуси бетормоз, бобоҷон!,- посух медиҳад ҷавон.
Дӯзах
Духтар ба падараш мегӯяд:
— Дада, ман наметавонам зани Иззат шавам, вай атеист асту ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надорад…
Падар мегӯяд:
— Ту ҷасурона ба шавҳар баромадан гир, духтарам. Туву модарат ба зудӣ исбот месозед, ки ӯ иштибоҳ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ