латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Наркоз

Мард аз зан мепурсад:

— Хонуми зебо, ман барои ба даст овардани муҳаббати шумо бароятон чӣ биёрам?

Зан мегӯяд:

— Наркоз биёред.

Худхизматрасонӣ

Марде дар маркази савдо дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ маҳсулот харидорӣ намуда, ба назди хазина меояд. Баъди ҳисобӣ карданаш духтараки хазинадор мегӯяд:

— Барои харидатон сипосгузор ҳастем!

Мард ба ғазаб омада, мегӯяд:

— Тамом?! Барои чунин маблағи сарфкардаам шумо бояд пойҳои маро бӯса кунед!

Духтарак бо табассум мегӯяд:

— Дар мағозаи мо худхизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст!

Калонсол

Зану шавҳар бо ҳам муноқиша мекунанд. Шавҳар мегӯяд:

— Ту аз ман калонсол ҳастӣ, пеш аз ман вафот мекунӣ, фаҳмидӣ!

Зан кордро ба даст гирифта, мегӯяд:

— Ту муътақид ҳастӣ?

Нафрат

Марде барои ба кор даромадан ҳангоми анкета пур кардан аз дӯсташ маслиҳат мепурсад:

— Гӯш кун, агар ман нависам, ки машрубот менӯшам, маро ба кор намегиранд, агар гӯям, ки наменӯшам, бовар намекунанд. Чӣ нависам?

Дӯсташ мегӯяд:

— Навис, ки арақ менӯшам, вале бо нафрат…

Тиреза

Зан аз шавҳараш мепурсад:

— Мардак, барои чӣ назди тиреза истодаӣ?

Шавҳар мегӯяд:

— Фикр дорам, ки парам ё тирезаро маҳкам кунам…

Зан мегӯяд:

— Ту паридан гир, ман худам онро маҳкам мекунам.

Ватан чист?

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

— Канӣ Аслонбек, гап зан, Ватан чист?

Аслонбек дар ҷавоб:

— Ватан — ин дарёву куҳсор…

Омӯзгор:

— Не, Аслонбек, Ватан модари туст. Шин ба ҷоят, баҳоят ду! Баҳром, аз ҷоят хез! Ватан чист?

Баҳром дар ҷавоб:

— Ватан модари Аслонбек аст, муаллима!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *