Аз таҳти дил бихандед!
Аблаҳ
Муаллим ба талабаҳо мегӯяд:
— Нафаре, ки худро аблаҳ мешуморад, аз ҷояш бархезад!
Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад. Баногаҳ Мурод аз ҷояш мехезад. Муаллим мепурсад:
— Толибов, ту худатро аблаҳ мешуморӣ магар?
Мурод дар ҷавоб мегӯяд:
— Не, муаллим, охир шумо танҳо рост истодаед, нағз намешавад…
Мубориза
Зане ба дугонааш лоф мезанад:
— Дирӯз барои ман ду мард ҷанг шуданд.
Дугонааш бо истеҳзо мегӯяд:
— Ҳа, ман шунидам, якеяш мегуфт, ки “арӯсатро гашта гир!”, дигараш мегуфт, ки “ба худат насиб кунад!”.
Қарз
Зане ба шавҳараш, ки аллакай хобаш мебурд, мегӯяд:
— Мардак, қарзи заношавҳарӣ чӣ мешавад?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Қарзро бегоҳӣ намедиҳанд, хосияти хуб надорад. Хоб кун, занак.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ