Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Панд

Марде ба арақнӯш панд медод:

 — Касе, ки арақ нанӯшад, умри дароз мебинад.

 Арақнӯш:

— Дуруст мегӯӣ, се рӯз арақ нанӯшидам, се рӯз чун се сол гузашт.

Пули халқ

Нозири андоз аз раиси корхонае мепурсад:

— Шумо қасри боҳашаммат, панҷ мошини «Мерседес» ва шаш хонаро дар маркази шаҳр бо пули худатон харидед?

Раис дар ҷавоб:

— Боз бо пули кӣ ҳам мехаридам?

Нозири андоз мегӯяд:

— Ба фикрам, тамоми дороии шумо бо пули халқ аст!

Раис мегӯяд:

— Шумо чиҳо мегӯед?! Халқ аз куҷо ин қадар пул дорад?

Асир

Зане ба муқобили фашистҳо ба ҷанг меравад. Аз ӯ мепурсанд:

— Дар ҷанг чӣ қаҳрамонӣ нишон додӣ?

Зан дасташро ба шикамаш монда, мегӯяд:

— Як бачаи немисро асир гирифтам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *