Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Чанор ё бед?

Дилдодагон дар боғ сайр мекунанд. Духтар аз писар мепурсад:

— Агар он дарахти бед забон медошт, ба мо чӣ мегуфт?

Писар:

— Агар забон медошт, мегуфт:

— Аҳмақ, ман дарахти чанорам, на бед.

Тухми хар

Хари Афандӣ дар ботлоқ то гӯшҳояш ғарқ мешавад. Афандӣ ҳарчанд мекӯшад, коре барои наҷот додани ҷонвар карда наметавонад. Дар ҳамин аҳвол марде Афандиро дида, мепурсад:

— Ҳа, Афандӣ дар ин ботлоқзор чӣ гум кардӣ?

Афандӣ мегӯяд:

— Ҳеҷ чиз, тухми хар кошта будам, нав гӯшҳояш баромадааст.

Нишонаи муҳаббат

Зану шавҳар якҷоя хӯрок мехӯранд. Шавҳар мегӯяд:

— Чаро ин хӯрок ин қадар шӯр аст?

Зан дар ҷавоб:

— Охир, сахт дӯстат медорам.

Мард пиёлаи намакро ба косаи занаш чаппа карда, мегӯяд:

— Ту дӯстдории маро тасаввур ҳам карда наметавонӣ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *