латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Занг

Марде назди духтури асаб омада, мегӯяд:

— Духтур, дар гӯшҳои ман садои занг меояд.

Духтур дар ҷавоб:

— Шумо ба занг ҷавоб надиҳед — дия!

Автобус

Марди сарватманде фарзандашро ба хориҷа барои таҳсил равон мекунад. Рӯзе писар чунин мактуб менависад:

— Дада, кору таҳсилам хуб аст, ягон шикоят надорам, вале дар ин ҷо ҳама бо автобус мегарданду ман бошам, бо таксӣ.

Падар дар ҷавоб:

— Писарам, бароят пул равон мекунам, автобус харида, мисли дигарон бо автобус гард. Моро шарманда накун!

Фарқият

Ду майхора машғули арақнӯшӣ ҳастанд. Баногаҳ аз наздашон анбуҳи одамон тобути мардеро мегузаронанд. Якеаш аз дигарӣ мепурсад:

— Раҳим, кӣ мурдааст?

Раҳим мегӯяд:

— Ҳаа, ин тобути Қаҳҳор аст. Тамоми умр арақ менӯшид, сигоркаш, дузана буд…

Баъди чанде аз назди майхораҳо боз як тобути дигар мегузаронанд.

Мард боз мепурсад:

— Боз кӣ вафот карда бошад?

Раҳим мегӯяд:

— Ҷаббори ҳамсоя бандагӣ кард, бечора на арақ мехӯрду на сигор мекашид, бо як зан умраш гузашт…

Мард ин дафъа мегӯяд:

— Гӯш кун, модоме фарқият дар 20 дақиқа бошад, арақро рехтан гир, ҷӯра!

Сиёҳпӯст

Марде аз рафиқаш мепурсад:

— Гӯш кун, Мирзо, ту барои чӣ ин қадар сиёҳ астӣ?

Мирзо мегӯяд:

— Медонӣ, дӯстам, модарам қабл аз таваллуд кардани ман марди сиёҳпӯстеро дида, сахт метарсаду мегурезад.

Мирзо мегӯяд:

— Дӯстам, ман ба ту як гапи зӯр мегӯям, вале наранҷ. Ба фикрам ҳамон марди сиёҳпӯст модаратро дарёб кардагӣ, ҷӯра…

Даҳшат

Зане ба дугонааш занг зада, мегӯяд:

— Шавҳарамро картошкахарӣ равон кардам, дар роҳ таги мошин мондааст.

Дугонааш ба даҳшат омада:

— Ваҳ, чӣ кор мекунӣ акнун?

Зан оромона:

— Намедонам, ба фикрам мастоба мепазам.

Фолбин

Марде ба назди фолбин меояд. Фолбин чашмонашро пӯшида, фол мекушояд:

— Ман шуморо мебинам, хонаи боҳашаммат ва духтари зебоеро…

Мард ба ваҷд омада:

— Наход, ки ман сарватманд шавам — а?

Фолбин мегӯяд:

— Не, шумо ҳамаи инро аз сӯрохии девори ҳамсоя мебинед.

Пушаймонӣ

Аз ҷавоне, ки нав хонадор шудааст, мепурсанд:

— Хайр, издивоҷ хуб будааст ё бад?

Ҷавон мегӯяд:

— Э напурсед. Сигор кашидану арақ хӯрдан мумкин нест, ба занҳо нигоҳ кардан мумкин нест!

Боз мепурсанд:

— Пушаймон шудаӣ?

Ҷавон дар ҷавоб:

— Пушаймон шудан ҳам мумкин нест…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *