Аз таҳти дил бихандед!
Омадан гиранд
Ҳақназар Ғоиб аз Ашӯр Сафар мепурсад:
— Муаллим, нону намаки халқро мо бисёр хӯрдем. Агар рӯзе ҳамаи онҳо ҷамъ шуда, хонаи мо биёянд, чӣ кор мекунем?
— Омадан гиранд. Дасти холӣ намеоянд-ку!,- дарҳол ҷавоб медиҳад Ашӯр Сафар.
Моҷаро
Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:
— Парвиз, зудтар ба кӯча баро! Он ҷо ду зан барои ту моҷаро доранд!
Парвиз фахр карда, мегӯяд:
— Ҳа бародар, дидӣ қудрати маро, занҳо бароям ҷанг мекунанд…
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Ҳа, дида истодаам, як зан мегӯяд, ки “Парвизро ба ту бахшидам!”, дигараш мегӯяд: “Аз афташ безорам, ба худат насиб кунад!”.
Имтиҳон
Дар Донишгоҳи тиббӣ имтиҳон мегузарад. Омӯзгор ба донишҷӯён мегӯяд:
— Шогирдони азиз, шпаргалкаҳои худро баъди истифодабарӣ напартоед, солҳои аввали корӣ онҳо ба шумо даркор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ