Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Заҳр

Марде ғамгин дар майкада нишастааст. Дар наздаш қадаҳи пур. Баногаҳ марди дигаре аз наздаш гузашта, ӯро беҳаракат мебинаду қадаҳи мардро гирифта, ба даҳонаш чаппа мекунад. Мард оҳ кашида, мегӯяд:

— Худоё, ин чӣ рӯз аст? Аз кор ронда шудам, занам маро партофт, мошинам сӯхт, маъшуқаам ёри дигар ёфт, ин ҷо бошад, кадом аблаҳе қадаҳи заҳрдоштаи маро нӯшид!

Ҳасиб

Зану шавҳари ҷавоне ба духтур занг зада, мегӯянд:

— Духтур, зудтар биёед. Давронҷони мо муши зиндаро фурӯ бурдааст!

Духтур мегӯяд:

— Мо ҳозир расида меоем. То омадани мо даҳони кӯдакро кушода, як пора панирро дошта истед, шояд муш худаш берун барояд.

Вақте духтур ба хонаи зану шавҳар мерасад, мебинад, ки онҳо дар назди даҳони фарзандашон ҳасибро доштаанд. Духтур мегӯяд:

— О, ман ба шумо панир гуфтам, на ҳасиб!

Зану шавҳар бо як овоз мегӯянд:

— Мо акнун гурбаро бо ҳасиб берун баровардан мехоҳем!

Чӣ хӯрам?

Наврасе бори аввал хост, ки рӯза бигирад. То фаро расидани шом вақти кам монда буд, вале ӯ дигар тоқат карда натавонист. Бо ҳар баҳона рӯзаашро хӯрдан мехосту ба торҳои асаби падараш нохун мезад.

— Дада, шоколад хӯрам, рӯзаам мешиканад?

— Бале…

— Оби газнок нӯшам чӣ?

— Мешиканад…

— Чӣ хӯрам, ки рӯзаам нашиканад?

Падар бо қаҳр:

— Калтак!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *