Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тимсоҳ

Зане ба дугонааш арзи дил мекунад:

— Гуландом, медонӣ шавҳарам чӣ хел номард аст, маро шарманда кардааст…

Гуландом ҳайрон шуда, мепурсад:

— Язнамулло чӣ кори ноҷо кардааст, дугона?

Зан мегӯяд:

— Дӯстонаш ӯро санҷиданӣ шуда, занг зада, мегӯянд, ки занат ба даруни ҳавзи тимсоҳ афтодааст. Шавҳарам ба онҳо мегӯяд, ки тимсоҳи бечораро худатон халос кардан гиред!

Вирус

Пиразане аз дугонааш мепурсад:

— Қурбонбӣ, ба фикрат ҳамин коронавирус ба деҳаи мо роҳ меёфта бошад?

Қурбонбӣ дар посух мегӯяд:

— Эҳ дугона, барқу газ роҳ наёфт, вирус аз куҷо роҳ меёбад?

Кайҳон

Сагбача аз саги пире мепурсад:

— Гӯш кун, барои чӣ сагҳо ҳамеша фукбанд доштанду одамон нав сар карданд фукбандиро?

Саги пир мегӯяд:

— Мо ҳатто аз онҳо пештар ба кайҳон парвоз карда будем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *