Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шакарханд

— Вақте ки ман дар мактаб мехондам,- гуфт марде ба писараш,- аз фанни таърих доим баҳои “5” мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои “3” мегирӣ.

Писар дарҳол ҷавоб дод:

— Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.

Булбул

Рӯзе Булбул ном писарбачае ба боғ гелосхӯрӣ даромадааст. Ногоҳ боғбон дар болои дарахт гелосхӯрии ӯро дида, гуфтааст:

— Бача, чӣ ном дорӣ?

— Булбул,- ҷавоб додааст ӯ.

— Агар булбул бошӣ, суруд хон,- хоҳиш кардааст боғбон.

Боғбон овози гӯшхарошу нофорами ӯро шунида, гуфтааст:

— Наход, ки булбул ҳамин хел хонад?

Бача аз болои дарахт ҷавоб додааст:

— Булбули гелосхӯр ҳамин хел мехонад.

Имтиҳон

Муаллим аз талаба мепурсад:

— Толиб, мори айнакдор ба кадом гурӯҳи ҳайвонҳо дохил мешавад?

Толиб дар ҷавоб:

— Ба ҳайвонҳое, ки масофаи дурро дида наметавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *