Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Як сигорро дукаса мекашем

Ду авбош мардеро дар кӯча қапида, мепурсанд:

— Сигор надорӣ?

Мард чӯби пешакӣ дар ҷомааш пинҳонкардаро бароварда, ба фарқи сари яке аз авбошон чунон мезанад, ки авбош аз ҳуш меравад. Сипас, аз авбоши дуюм мепурсад:

— Ба ту ҳам сигор лозим?

— Не ака, мо як сигорро дукаса мекашем,- ҷавоб медиҳад авбош.

Шумо гап назанед

Ду майхора хунсупорӣ мераванду пагоҳаш барои ҷавоби ташхис меоянд. Табиб ба якумаш мегӯяд:

— Дар хуни шумо 80% спирт ёфт шуд.

Дуюмӣ ба майхораи аввала мегӯяд:

— Ба ту сад бор нагуфтам, ки арақро камтар нӯш!

Табиб ба майхораи дуюм мегӯяд:

— Шумо умуман хап кунед, дар рагҳоятон ба ҷои хун спирт ҷорӣ асту боз гап мезанед!

Занҳои ҳамсоя чӣ мегӯянд?

Зане ба шавҳараш мегӯяд:

— Мардак, медонӣ, занакҳои ҳамсоя мегӯянд, ки ту ба наздикӣ бой мешавӣ…

Мард гапи занашро бурида, мегӯяд:

— Э ман аз куҷо бой шавам, ба ғайбат гӯш надеҳ…

Баъди як моҳ мард бой мешавад. Занаш боз мегӯяд:

— Мардак, занакҳои ҳамсоя мегӯянд, ки туро ба зиндон…

Мард боз асабӣ шуда, дод мегӯяд:

— Ба ғайбат гӯш накун гуфтам! Ҳама корҳоям хубанд.

Баъди як ҳафта мардро ба ҳабс мегиранд ва зан ба дидорбинӣ меравад:

— Мардак, адвокат мегӯяд, ки…

Мард ин дафъа беқаророна мегӯяд:

— Э мон адвоката! Ту гап зан, ки занакҳои ҳамсоя чӣ мегӯянд?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *