Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хурсандӣ

Шавҳар аз кор омада, худ ба худ механдад:

— Чӣ ин қадар хурсандӣ?,- мепурсад занаш.

— Маро аз кор ронданд.

— Магар барои аз кор рафтан хурсандӣ мекунӣ?!

— Маро аз кор ронданду коргарони дигарамонро ҳабс карданд,- мегӯяд мард.

Тақсимот

Зану шавҳар дар суд аз ҳам ҷудо шуда истода, ҳеҷ дар тақсим кардани фарзандон ба мусолиҳа намеоянд. Зан:

— Ду фарзандамро ман мегираму яктояшро ту.

Шавҳар дар ҷавоб:

— Ду фарзандам бо ман мемонанд, яктояш бо ту.

Баъди як соати баҳсу мунозира зан тоқат накарда мегӯяд:

— Гӯш кун, рафтем ба хона. Соли дигар, ки фарзандонамон чор нафар шуданд, баъд ба суд омада, ҷудо мешавем.

Санаи нав

Ду ҳамсабақ баъди 10 соли хатми донишгоҳ вомехӯранд. Яке ба дигарӣ:

— Манижа, шунидам, ки ту дар почта кор мекунӣ ва ба мактубҳо тамға мегузорӣ. Ин кори якрангу дилгиркунунда аст…

— Не, Дилоромҷон! Хато мекунӣ, якранг нест! Ҳар рӯз санаи рӯз иваз мешавад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *